13.9 C
Dushanbe

Яке аз сабабҳои коҳиши муҳоҷирон дар Русия гаронии нархи билетҳо будааст

Сурат: ozodlik.org

Бино ба иттилои нашрияи “Взгляд” бо сабаби нархи гарони чиптаҳои ҳавомаймоӣ ва интишори вируси ҳамагири COVID-19 муҳоҷирони кории Узбекистон натавонистанд дубора ба Русия баргарданд.

Нархи баланди чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва пандемияи коронавирус муҳоҷирони узбекро аз рафтан ба Русия барои кор бозмедорад,- гуфт раиси Кунгураи умумирусиягии Узбекистон, Иброҳим Худайбердиев.

Ӯ ба хабаргузории “РИА Новости” афзуд: “Сабаби аслии коҳиши шумораи муҳоҷирон дар Русия пандемия аст, дуюм ин ки бисёр соҳаҳое, ки дар онҳо муҳоҷирон ҷалб шудаанд, фаъолияташон қатъ шудааст. Ин албатта ба фиристодани пул ба хонаҳояшон таъсир расонд ва бисёре аз муҳоҷирон рафтанд.”

Худайбердиев дар идома иброз дошт, ки барои дубора ба Русия омадани муҳоҷирон нархи гарони чиптаҳо мушкилӣ эҷод кардааст. Ба гуфтаи ӯ айни замон шумораи муҳоҷирон аз Узбекистон, ки дар минтақаҳои Русия ба сохмон машғуланд, хеле коҳиш ёфтааст.

Ӯ мегӯяд, мақомоти Узбекистон барои поин овардани нархҳо чораҳо меандешанд ва мақомоти Русия низ барои сабук кардани тартиби вуруди муҳоҷирон талош доранд, аммо ин вазъияти кунунӣ эҳтимол то баҳор идома хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо чунин нархи гарон яъне 21-22 ҳазор рубл ширкатҳои ҳавопаймоии миллияшонро сахт танқид карда, зимни як ҷаласа бахшида ба рушди саёҳии ин кишвар дастур додааст, ки билетҳоро арзон кунанд.

Вай инчунин афзуд, ки шумораи муҳоҷирон аз Узбакистон, ки дар шаҳрҳои Русия ба кори сохтмон машғуланд, хеле коҳиш ёфтааст.

Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки дар Маскав ба далели коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирон дар соли 2020 коргар дар бахши Хадамоти шаҳрӣ намерасанд. Ва инчунин хабар дода буд, ки норасоии муҳоҷирон метавонад дар Маскав мушкилоти ҷиддиеро ба бор орад.

Ҳамзамон баъд аз шуюъи вируси ҳамагири COVID-19 парвозҳо байни Тоҷикистону Русия низ мувақатан қатъ шуданд. Барои баргардонидани муҳоҷирон парвозҳои чартерӣ ташкил карда шуд, вале бо нархи гаронтар аз Узбекистон.

Ҳоло як муҳоҷири тоҷикистонӣ барои ба ватан баргаштан бо ширкати “Сомон Эйр” аз 40 то 45 ҳазор рубли русӣ ва ё бештар аз ин масраф мекунад, аммо аз хидматрасониҳои пастсифати ин ширкат шикоятҳои зиёд шунида мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҳукумат барои арзон кардани нархи чиптаҳо пайваста дархост мекунанд. Вале ширкати “Сомон-Эйр” мегӯяд, пойн бурдани нарх хароҷоти онҳоро намепӯшонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.