Парвозҳои чартерӣ байни Тоҷикистону Белорус дар моҳи равон

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи январ дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои лозима метавонанд ба Истамбул, Дубай, Минск ва шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз кунанд.

Икром Субҳонзода директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ин моҳ 10 парвози чартерӣ дар хатсайри Душанбе – Минск ва баръакс сурат мегирад. Парвозҳоро ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва “Белавиа”-и Белорус анҷом медиҳанд.

Субҳонзода дар идома гуфтааст, дар ин масир шумораи парвозҳо вобаста ба шумораи мусофирон сурат мегиранд: агар мусофирони лозим набошанд парвоз сурат намегирад.

Ҳамчунин директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, тибқи реҷаи пешин дар ин моҳ, ҳар ҳафта 4 парвоз дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе ва Душанбе-Истанбул-Душанбе аз сӯйи ширкатҳои “Сомон Эйр”, “fly Dubai” ва “Turkish Airlines” анҷом дода мешавад.

Дар моҳи январ 80 парвозӣ чартерӣ анҷом дода мешавад, ки се ширкати русӣ аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои гуногуни Русия 20 парвози чартерӣ анҷом медиҳанд. Гуфтааст, Субҳонзода.

Гуфта мешавад, ширкати “Уралские авиалинии” ҳар ҳафта 18 парвози чартерӣ дорад. Нархи билети ин ширкат аз 4 ҳазор сомонӣ оғоз мешавад.

Ширкатҳои “ЮтЭйр” ва “S7” ҳар ҳафта як бор парвозҳои чартерӣ анҷом хоҳанд дод.

Ин парвозҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ анҷом мешаванд. Кӯдакони то 6-сола аз пешниҳоди маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирус озоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Муҳоҷират чӣ?

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои аввали истиқлол то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.