9.9 C
Dushanbe

Бунёди бунгоҳи тиббии 2 миллиона. Иттиҳоми нав дар парвандаи Иноятзода

Прокуратураи генералӣ нисбати Баҳром Иноятзода, ки чанде пеш бо шаш моддаи қонуни ҷиноӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, иттиҳоми нав эълон кард.

Ин бор Иноятзодаро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо беш 2 миллион сомонии “бо роҳи ҷиноят ба даст оварда” барои худ бунгоҳи шахсии тиббӣ сохтааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба навиштаи сомонаи расмии прокуратура “Иноятзода Баҳром аз 6 майи соли 2019 дар вазифаи иҷрокунанда ва минбаъд раиси шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба иҷрои корҳои сохтмонии МИХД шаҳри Кӯлоб ғайриқонунӣ аз ҷониби гуруҳи ашхос аз 13 нафар сокинони шаҳр маблағҳои пулӣ ба сифати пора гирифта, бо роҳи содир кардани ҷиноятҳои азонихудкунӣ даст ба тасарруфи маҳсулотҳои хайриявӣ ва бо роҳи фиреб даст ба тасарруфи амволҳои шаҳрвандон зада, бараъло бо роҳи ҷиноят даромад ба даст овардааст”.

Дар идома гуфта шудааст, ки Иноятзода Б. бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани маблағҳое, ки “бо роҳи ҷиноят” ба даст овардааст, дар ҷои манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Р.Абдушукурова, хонаи №28 Маркази тиббии хусусӣ ба маблағи 2 317 994 сомонӣ бунёд кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20-уми ноябри соли 2020 додгоҳи минтақаи Кӯлоб, Баҳром Иноятзодаро бо моддаҳои 314 қ.2, 319 к.4, б. «а,в,г», 245 қ.2, б. «а,б,ғ», 247 қ.4, б. «б», 3381 К. 2, б. «в» , 262 қ.З, «б» КҶ ҶТ ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба суистифода аз мансаб ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд.

Дилором Самиева ҳамсари Иноятзода гуфтааст, ки ба ҳукми додгоҳ розӣ нест, ба зинаҳои боло муроҷиат мекунанд ва айбномаҳое, ки нисбати Иноятзода эълон гардидааст, воқеият надорад.

Дар идома гуфтаанд, ки ӯ 37 соли умри худро сарфи корҳои давлатӣ кард натиҷааш 12 сол паси панҷара аст. Вале додраси парвандаи Иноятзода ҳангоми қироати ҳукм гуфтааст,  иттиҳомҳои қаблан эълоншуда тасдиқи худро ёфтаанд.

Иноятзода ба ҳайси раиси шаҳри Истаравшан, вакили Маҷлиси Миллӣ фаъолият кардааст. То дастгир шуданаш дар курсии раиси шаҳри Кӯлоб менишаст.

Замони Раиси шаҳри Истаравшан фаъолият карданаш, бо адешаҳои зидду нақизаш ниссбати диндорон дар ҷомеа шинохта шуда буд. Ӯ он замон гуфта буд, нафароне, ки ба масҷид мераванд бо ақидаи солим берун намеоянд.

Моҳи июни имсол аз ҷониби маъмурони амниятӣ боздошт шуд, бар асоси шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин муттаҳам мешавад.

Иноятзода моҳи феврали соли 2019 моликони ширкати “Комил-2010”, мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид карда буд.

Ҳамчунин Бег Сабурро ба хотири пардохт накардани қарзҳои давлатӣ “Хоҷа Аҳрори Валӣ” ном ниҳода буд, ки аксари корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир ва зиндонӣ шуданашро натиҷаи он танқиди сахташ аз қудои раисҷумҳур медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвози №1: Ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон аз Чин баргашт

Cомонаи "flightradar" нишон медиҳад, ки ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми феврал ба Чин парвоз карда, рӯзи 13-уми феврал ба Тоҷикистон баргаштааст.

Додситони кул тирпарронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз ҷузъиёти ҳодисаи тирпаронӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт.

Муносибати Тоҷикистону Чинро кӣ вайрон кардан мехоҳад?

Додситони кулли кишвар иддао дорад, ки бо ҳамла аз хоки Афғонистон мехоҳанд муносибати Тоҷикистону Чинро вайрон кунанд.

Дар соли гузашта 21 мансабдор бо ҷурми тасарруфи амволи давлатӣ боздошт шуданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти 21 мансабдоре хабар дод, ки дар соли 2025 даст ба дуздии амволи давлатӣ задаанд.