13.9 C
Dushanbe

Муҳаммад Отиф дар пайи як амали террористӣ дар Кобул даргузашт

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон имрӯз сешанбе 2 феврал дар шаҳри Кобул пойтахти ин кишвар се инфиҷор рух дода, дар яке аз ин таркишҳо олими шинохта ва раиси Кумитаи раҳбари Ҷамъияти Ислоҳи Афғонистон Муҳаммад Отиф кушта шудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон бо нашри як баёния кушта шудани Муҳаммад Отифро таъйид кардааст.

Ӯ оқои Отифро як олим ва шахсияти маъруфи илмӣ ва динии Афғонистон дониста ва афзуда, ки ҷаноби Отиф ҷонибдори сулҳу оштӣ дар ин кишвар буд.

Хабаргузории ББС-и форсӣ аз қавли сухангӯи пулиси Кобул, Фирдавси Фаромарз менависад, ки ӯ гуфт, дар ин се таркиш ду нафар кушта ва панҷ тани дигар, аз ҷумла ду сарбоз захмӣ шуданд.

Ҷаноби Фаромарз мегӯяд, ки таркиши аввал тақрибан соати 7:30 субҳи имрӯз сешанбе, 2 феврал (ба вақти маҳаллӣ) дар ноҳияи дуввуми шаҳри Кобул дар маҳаллаи “Ҷӯй шир” рух додааст. Вай гуфт, дар ин ҳодиса ду сарбоз захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, таркиши дуввум пас аз як соат дар ноҳияи чоруми шаҳр дар маҳаллаи “Салим Карвон” рух додааст.

Ба гуфтаи пулис, ин таркиш ду кушта ва ду захмӣ ба ҷо гузошт.

Ҷаноби Фаромарз мегӯяд, ки таркиши саввум тақрибан соати 10:30 дар ноҳияи сеюми шаҳр дар маҳаллаи “Навобод” рух дода, як сокини осоиштаро маҷрӯҳ кардааст.

Аттомуҳаммад Нур, раиси иҷроияи Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон низ дар сафҳаи расмияш дар

Сурат: Фейсбук

Ӯ бо ишора бо афзоиши ноамниҳо дар Афғонистон аз ҳукумати он даъват кард, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандон “диққати зарурӣ” диҳад.

Атомуҳаммад Нур Гурӯҳи Толибонро дар ноамниҳои Афғонистон масъул медонад. Ва афзуда, ки ин гурӯҳ барои барҳам додани раванди сулҳи Афғонистон талош доранд дар кишвар ноамниҳоро бештар кунанд.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон даргузашти ҷаноби Отифро ба пайвандонаш таслият гуфта, иброз доштааст, ки Гурӯҳи Толибон ҳамагуна суиқасд ва куштани олимону рӯзноманигорон ва шахсиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро маҳкум мекунад.

Ҳукумати Афғонистон барои оғози сулҳ бо Толибон тобистони соли гузашта 5 ҳазор зиндонии ин гурӯҳро аз зиндонҳо раҳо кард, вале дере нагузашт, ки ноамнӣ дар ҷомеаи ин кишвар бештар гардид. Аксари олимони маъруф ва рӯзноманигорони номдор терор шуданд.

Моҳи июни соли гузашта чанд масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ тарконида шуд, ки дар натиҷа олимони маъруфи ин кишвар, аз ҷумла имоми масҷиди Шершоҳи Сурӣ, мавлавӣ Азизуллоҳи Муфлиҳ ва устоди донишгоҳ ва имоми масҷиди Вазирмуҳаммади Акбархон, мавлавӣ Муҳаммадиёзи Ниёзӣ дар шаҳри Кобул бар асари таркишҳо даргузаштанд.

Коршиносони байналмиллалӣ бо гузаронидани як таҳқиқе гуфтанд, ки беш аз 60 дарсади раҳошудаҳои Толибон дубора ба майдони ҷанг баргаштаанд.

Аммо худи Толибон на ҳамаи ин таркишу ноамниҳоро ба душ мегиранд. Ба гуфтаи онҳо гурӯҳҳои манфиатхоҳи дигаре низ дар майдон ҳастанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...