38.9 C
Dushanbe

СММ аз Тоҷикистон хост шаҳрвандонашро аз урдугоҳҳои Сурия баргардонад

Созмони Милали Муттаҳид зимни як муроҷиатномае аз Тоҷикистон хоста, ки шаҳрвандонашро аз урдугоҳҳои Сурия ба ватан баргардонад.

Бино ба навиштаи “Sputnik”-и Тоҷикистон коршиносони СММ инчунин дар муроҷиатномаи худ дар баробари Тоҷикистон аз мақомоти чанд кишвари дигар низ талаб кардаанд, то шаҳрвандонашонро аз Сурия баргардонанд.

Гуфта мешавад, матни муроҷиатномаи СММ ба 57 кишвари дунё фиристода шудааст, ки дар байни ин кишварҳо Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ҳастанд.

Коршиносони СММ, ба хусус аз вазъи бади урдугоҳҳои Сурия, ба монанди Ал-Ҳавл ва Рог ёдовар шуда аз кишварҳои узв дархост намуданд, ки ҳарчи зуд шаҳрвандонашонро аз Сурия баргардонанд.

Урдугоҳи “АлҲавл” яке аз урдугоҳҳои калонтарини Сурия ба шумор рафта дар он оилаҳои ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд. Ин урдугоҳ баъд аз шикаст хурдани ҷангиёни ДОИШ ташкил шуда соли 2019 ҳудуди 10 ҳазор паноҳҷӯ дошт. Ва баъдтар шумори бошандагони он то 74 ҳазор расид.

Айни замон шумори бошандагони ин урдугоҳ 62 ҳазор аз 60 давлат гуфта мешавад, ки 80 дарсади онро занҳо ташкил медиҳанд. Аксари ин занҳо ё шавҳарҳояшонро дар ҷанг аз даст додаанд ва ё дар зиндонҳои ҳукумати Сурия зиндонӣ шудаанд.

Дар гузориши СММ қайд мешавад, ки сокинони ин урдугоҳҳо мавриди зӯроварӣ ва шиканҷа қарор мегиранд. Ин санадро 22 коршиноси СММ имзо кардаанд.

Бояд қайд кард, ки давлати Тоҷикистон то имрӯз 84 кӯдакро аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия баргардонидааст. Вале кӯдаконе, ки ҳанӯз соли 2019 ба Тоҷикистон оварда шуда буданд, то ҳол ба наздиконашон дода нашудаанд.

Мақомот сабаби барнагардонидани ин кӯдаконро ба наздиконашон то як муддат таҳти назорати мутахассисони Вазорати маориф ва Вазорати меҳнат қарор додани онҳо унвон кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба бандарҳои Яман

Артиши Исроил рӯзи якшанбе, 6-уми июл эълом кард, ки ба чанд бандар ва пойгоҳҳои низомии Ҳусиҳо дар Яман ҳамла кардааст.

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.