Тоҷикистон сиёсатмадорони қирғизро дар масъалаи марзӣ ба эҳтиёткорӣ давъват кард

Тоҷикистон аз сиёсатмадорони қирғиз даъват кард, ки дар изҳорот ва баёнияҳои худ дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтиёткор бошанд. Як чунин баёнияеро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ нашр кардааст.

Дар ин баёния омадааст, ки “Паҳн кардани иттилои носанҷида метавонад ба ноором шудани вазъ дар қаламравҳои наздисарҳадии ду давлати бародар мусоидат кунад”.

Ин баёния дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде пеш баҳси шадид дар парлумони Қирғизистон баъди изҳорот дар бораи ба Тоҷикистон додани обанбори Торткӯл ба миён омада буд.

Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов як ҳафта пеш дар парлумони кишвараш гуфта буд, ки “афсӯс, мо саргаҳи наҳрро додем. Ман инро аниқ кардам. Инҷо масоили стратегӣ аст.”

Ин баёнияи Марипов дар ҷомеаи Қирғизистон баҳс барангехт. Норозиён дар назди бинои ҳукумати вилояти Бодканд низ тазоҳурот карданд.

Вакили мардумӣ, Тозабек Икромов, хостори нишасти фаврӣ шуд, то масъалаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи изҳороти баъзе шахсиятҳои сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи эҳтимолии интиқоли манбаи обанбори Торткӯл ба Тоҷикистон, гуфт, ки раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

“Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ идома дорад. Дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ гуна гуфтугӯе дар бораи интиқоли як қисмати баҳсбарангез ба тарафи дигар вуҷуд надорад”, омадаст дар баёнияи ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин рӯзи 8-уми феврал Назирбек Борубоев, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ низ дар мусоҳибае бо расонаҳои дохилии ин кишвар гуфтааст, ки “Қаламрави обанбори Торткӯл ва наҳри он то ҳол мувофиқа нашудааст ва корҳо дар ин замина идома дорад.”

На тарафи Тоҷикистон ва на аз Қирғизистон дақиқ нагуфтаанд, ки ин чӣ наҳресту чӣ ном дорад ва аз куҷо мегузарад, аммо зоҳиран сухан дар бораи наҳри печидае меравад, ки аз дохили ноҳияи Исфара низ ҷорӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки танишҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар солҳост, ки идома дорад ва ин муноқишаҳо дар нуқтаҳои номуайянии марзҳо сар мезанад, ки то ҳол даҳҳо захмӣ ва кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузоштааст.

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак вуҷуд дорад, ки аз ин шумор танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 472 километри дигари марзи давлатии миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашуда номуайян боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.