Ҷарроҳӣ шудани раиси собиқи ширкати” Умед-88″ дар бемористон

Раҷабалӣ Одинаев, раиси собиқи ширкати “Умед-88”, ки бо ҷурми “тасарруфи молу мулки давлатӣ” ва ҷиноятҳои дигари иқтисодӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд, вазъи саломатиаш бад шуда, аз зиндон ба шифохона интиқол ёфтааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона раиси собиқи ширкати “Умед-88” дар зиндон ба бемории захми меъда гирифтор шуда, ӯро дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” ҷарроҳӣ кардаанд.

Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳо дар Тоҷикистон, рӯзи 25-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки вазъи Раҷабалӣ Одинаев дар зиндон бад шуда, ду ҳафта пеш ӯро ба бемористони “Ёрии таъҷилӣ” дар шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

“Дар беморхона таҳти назорати пизишкони ботаҷриба қарор дорад. Саломатиаш хуб аст ва мумкин дар рӯзҳои наздик ба муассиса ворид мешавад,”- гуфт Мансурҷон Умаров.

То ҳол наздикони Одинаев дар бораи беморӣ ва вазъи саломатии ӯ чизе нагуфтаанд. Радиои Озодӣ навишта, ки яке аз наздиконаш баъди шунидани суол дар бораи вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев гуфтугӯро қатъ кард ва гӯширо гузошт.

Тибқи иттилои манбаи ин сомона аз беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”, Раҷабалӣ Одинаев аз солҳои пеш дарди меъда доштааст ва ахиран ин беморӣ дар зиндон хуруҷ мекунад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пизишкони беморхона барои дидани вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев ба зиндон рафтанд ва пас аз муоина ба натиҷа расиданд, ки барои ҷарроҳӣ Одинаев ба беморхонаи берун аз маҳбас интиқол дода шавад.

Роҳбари ширкати “Умед-88” дар Тоҷикистон яке аз камтарин зиндониҳое аст, ки барои табобат аз зиндон берун оварда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88”, моҳи октябри соли 2017 баъд аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон таҳти танқид қарор гирифтан боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вашингтон фишори иқтисодӣ бар Эронро шадидтар мекунад

Амрико ҳамзамон аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод.

Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон кушта шуд

Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳасиб Панҷшерӣ, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд.

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.