Лавров: ИМА кушиши заиф кардани иртиботи Тоҷикистону Русияро дорад

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо барномаи “Бозии бузург”-и шабакаи аввали Русия иброз дошт, ки кишварҳои ғарбӣ мақсад гузоштаанд, ки робитаҳои Русияро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон заиф созанд.

“Хаҷми равобити иқтисодӣ, ки ИМА ва кишварҳои Иттиходияи Аврупо ҳоло бо Осиёи Марказӣ доранд бо хамгироии иқтисодии мо қиёспазир нестанд, аммо ҳадафҳои гузошта шуда аз ҷониби ғарб якранг аст ва он аз ҳар ҷиҳат суст  кардани равобити мо бо иттифоқчиён ва шарикони стратегии мо”, гуфт вазири умури хориҷаи Русия.

Ба гуфтаи Лавров Амрико дар ин самт фаолона кор мекунад, алалхусус бо Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон.

Лавров дар идомаи суҳбаташ баён дошт, ки равобити Русия бо Иттиходи Аврупо канда шуда, дар ҳамин ҳол Русия низ дар Осиёи Марказӣ илова бар САШ, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СПАД, формати 5 ба иловаи якро дорад, ки ба он панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия дохил мешаванд.

Мудири маркази тадқиқотҳои геополитикии донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Гулаз Майтдинов пештар гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бояд бо Русия, ИМА ва Чин муттаҳид шаванд то амниятро дар Осиёи Марказӣ таъмин намоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бензин, Wildberries ва муҳоҷири тоҷик

Ҳафтаи охир Укроин усули нави зарба ба иқтисоди Русияро...

Рекорд”-ҳои омории савдои хориҷӣ: Тиллову ашёи хом меравад, қарзу каср меояд

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агенттии экспорти Тоҷикистон...

30 дарсади шикоятҳои бонкӣ ба «Душанбе Сити» рост меояд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода мегӯяд, маблағҳои муштариён...

Рақиби “Сомон Эйр” бо ҳаёҳӯ ба майдон омад

Дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавонавардии Фарнборо (Бритониёи Кабир) ширкати нави...