Президенти Туркманистон раиси парлумони кишвараш интихоб шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов президенти Туркманистон ҳамчун раиси парлумон “Халқ Маслиҳати”-и ин кишвар интихоб гардид. Маросими эълони ин мансаби нави Президент рӯзи 14 апрел баргузор гардид.

Беҳрдимуҳаммадов акнун ҳамзамон ҳам президент, ҳам сарвазир ва ҳам раиси парлумони кишвараш мебошад.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ, дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1-уми март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комиcсияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки “барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ” 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.

Президент Туркманистон ҳамчунин барои писараш Сардор Бердимуҳаммадов низ чанд мансабро “туҳфа” кардааст. Охирин мансабро ӯ рӯзи 12 апрел соҳиб шуд.

Ахиран Сардор Бердимуҳаммадов, ки аллакай се вазифаи роҳбариро соҳиб аст, илова бар онҳо, аз ҷониби ҳокимияти Туркманистон раиси сохторҳои байниҳукуматии туркманӣ-русӣ ва туркманӣ-ҷопонӣ таъйин гашт.

Писари президенти Туркманистон мансаби муовини сарвазирро моҳи феврали соли ҷорӣ соҳиб шуда буд.

Коршиносон Сардор Бердимуҳаммадовро вориси асосии падар медонанд. Аммо пайҳам соҳиб шудани мансабҳои калидӣ аз ҷониби падару писарро коршиносон ба реша давондани низоми диктаторӣ дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорат бояд унвон диҳад ё ҳунарманд онро биталбад? Унвони “Ғарибшоҳ” баҳсбарангез шуд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ ба баҳсҳое, ки пас аз даргузашти Бахтиёр Раҳимов, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания», дар бораи надоштани унвони давлатӣ ба миён омада буданд, посух дод.

Акнун “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷирон аз Русия боз ҳам бештар мешавад

Вакилони рус дар ҳамин ҳафта лоиҳаи қонунеро баррасӣ мекунанд,...

Садамаи маргбор дар Фархор: чанд нафар ҷон бохт

Дар садамаи вазнини нақлиётӣ, ки рӯзи 4-уми июл дар роҳи Фархор – Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Бобосафои ноҳияи Фархор рух дод. Дар натиҷа 7 нафар ҷон бохта, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ҷоми ҷаҳонии 2026: Бразилия ҳам аз мусобиқа хориҷ шуд, Норвегия таърих сохт

Марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бо идомаи натиҷаҳои ғайричашмдошт идома дорад.