7.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз пеш заминаҳои бохтро дар ҷанги иттилоотӣ бо Қирғизистон омода кард

Мутаасифона, Тоҷикистон худаш аз пеш заминаҳои бохтро дар ҷанги иттилоотӣ бо Қирғизистон омода кард!

Ин ҳама сиёсатҳои ҳукумати кишвар алайҳи озодии баён, мавриди пайгард қарор додани рӯзноманигорон, таҳдид ба ҷони дигарандешон, бастани расонаҳо, аз байн бурдани мухолифон, аҳзоби сиёсӣ, гуногунандешон – бар зарари манфиатҳои мардумиву давлатӣ буд ва ҳаст!

Имрӯз мо дорем натиҷаи он ҳама хафакуниҳоро мебинем. Баҳсҳои марзӣ яке аз ҳолатҳои нодире, ки имкони ба ҳам овардани тамоми қишрҳои ҷомеаро дорад. Мардум новобаста аз шакли фаъолият, ақидаҳои сиёсӣ ҳозиранд ба қимати ҷонашон барои ҳифзи сарзамин бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд!

Хусусан рӯзноманигорон ва расонаҳо дар ин маврид ҳамеша омодаи ҳамкорӣ буданд!

Ёдам ҳаст ҳанӯз соли 2014 бо ҳамин оҳанг расонаҳои дохилии кишвар муроҷиатномае\матлабе навишта аз мақомоти талаб карданд, ки ҳамаи иттилоъ дар мавриди ҳаводиси марзиро дар дастраси мардум қарор диҳанд. Ҳоло ҳам ҳамаи расонаҳо новобаста аз шакли фаъолият -давлатӣ, мустақил, мухолиф… дар ин маврид талоши ҳифзи мавқеъи давлатро доштанд ва доранд.

Вале, афсӯс, ки ҳукумати Тоҷикистон хеле кундфаҳм аст!

Афсӯс, ки масъулини мақомоти дахлдор ҳамеша дар талоши аз байн бурдани расонаҳову гуногунандешӣ ҳастанд.

Ҳоло, ки мақомоти Қирғизистон тамоми авзоъро дар даст гирифтааст, ба роҳатӣ метавонад фазосозӣ кунад ва Худое нокарда бо гирифтани порае аз сарзамин аз ин низоъ берун барояд! Мақомоти тоҷик ва ҳаводоронаш он ҳама таҳдиди мақомоти Қирғизистонро нодида гирифтанд!

Бишкек дар симои роҳбари амнияти худ ошкор гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон қочоқчиву мофиоз ҳаст. Бишкек хеле роҳат изҳор дошт, ки роҳи қочоқро бо Тоҷикистон бастааст ва то замони гирифтани Ворух онро боз нахоҳад кард!

Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон назди қирғизҳо муттаҳам ҳастанд ва барои ҳамин ҳам гӯши худро ба “каракӣ” заданд!

Ҳанӯз ҳам дер нест!

Маълум аст, ки мақомоти Қирғизистон солҳо алайҳи тиҷорати ғайриқонунии хонаводаи Раҳмон ва дигар намояндагони мақомоти баландпояи кишвар маълумот ҷамъ кардаанд. Ҳоло доранд он ҳама далелҳояшонро ба манфиати давлаташон истифода мекунанд.

Агар мақомоти тоҷик ҳамин сиёсати “надидаму нашунидам”-ро идома бидиҳад, пас маълум мешавад, ки:

*Мақомоти Тоҷикистон барои ҳифзи тиҷорат ва обрӯи сиёсиаш манфиатҳои давлат ва миллатро зери по кардааст;

*Эҳтимол шарти қирғизҳоро қабул кардааст ва Ворухро бидуни набард бояд “бидиҳад”;

Аммо, масъулини дахлдор -раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ва вузарои хориҷа, дохилӣ, амният ва мудофиа набояд фаромӯш кунанд, ки тибқи Сарқонуни Тоҷикистон вазифаи аслии онҳо ҳифзи ҷони мардум ва хоки Ватан аст! Ва тибқи Сарқонун ҳар саҳлангорӣ ҳангоми адои вазифа ҷавобгарӣ дорад!

Албатта низоми додгоҳии мо бо ду пой мелангад, вале ҳич ҷинояте ба ҷазо намемонад. Мақомоти тоҷик ҳам барои хунукназарӣ ҳангоми иҷрои вазифа дер ё зуд ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд!

Аз саҳифаи фейсбукии рӯзноманигор, Ҳумайро Бахтиёр

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.