15.9 C
Dushanbe

Маҳмурод Одинаев ва писарашро аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндон интиқол доданд

Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ ва писараш Шайх Ризоевро 1-уми май аз боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе ба зиндон интиқол доданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба қавли манбаи Озодӣ, худи Одинаевро рӯзи 1-уми май ба зиндони шаҳри Ваҳдат ё маъруф ба “Кирпичний” интиқол доданд ва писарашро ба зиндони маъруф ба “1-ум Советский”.

Мақомот собиқ муовини ҲСДТ-ро дар моҳи декабри соли гузашта баъд аз эълоне, ки дар саҳифаи фейсбукияш дар мавриди тазоҳурот кард, боздошт карданд. Аммо писараш Ризоевро қабл аз падар боздошт карда буданд.

Маҳмурод Одинаев бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун кардани ҳокимият 28 январи соли ҷорӣ барои 14 сол равонаи зиндон шуд. Худи ӯ ва пайвандонаш ин иттиҳомотро карда, мегӯянд, қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Аммо писараш Ризоев бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “талоши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Пайвандонаш иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо низ рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.

Одинаев ҳамроҳ бо писараш аз замони дастгир шудан то ин дам дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ё СИЗО нигоҳдорӣ мешуданд.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари ба зиндон бурда шудани ӯро тасдиқ карданд. Яке аз пайвандонаш рӯзи 4-уми май гуфта, ки “ин ҳафта барояш ба боздоштгоҳ ғизо бурда будем. Дар он ҷо гуфтанд, ки ҳардуяшонро ба зиндон бурдаанд.”

Ба зиндон интиқол ёфтани Одинаев дар ҳолест, ки пайвандони ӯ ва ҳамчунин масъулони ҲСДТ аз вазъи саломатии ӯ нигаронӣ мекунанд. Ҳафтае пеш Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфта буд, ки вазъи саломатии Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст ва ӯро бо араобачаи маъюбӣ мегардонанд. Зери назорати табибон будани ӯро масъулони зиндон низ тасдиқ карданд.

Дар аввали боздошти Одинаев наздиконаш дар суҳбат ба “Аздо.тв” гуфта буданд, ки ӯ бемор аст ва роҳ рафта наметавонад ва ҳамчунин биноияш низ заиф шудааст, то ҳадде, ки одамро хуб намешиносад. Наздиконаш шиканҷа шудани ӯро аз эҳтимол дур намедонанд. Аммо мақомот шиканҷа шудани Одинаевро рад карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.