Қирғизистон 42 шаҳрванди Тоҷикистонро аз хокаш берун кард

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, Қирғизистон баъд аз задухӯрдҳо дар марз бо Тоҷикистон 42 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламраваш рондааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона, аксари рондашудаҳо қирғизтаборони ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ва донишҷӯ мебошанд.

Ҷониби Қирғизистон сабаби ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони душаҳрвандиро расман шарҳ надодааст.

Ду донишҷӯи тоҷик, ки аз Қирғизистон ихроҷ шудаанд дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳоро барои бадтар шудани вазъи паҳншавии коронавирус ҷавоб доданд. Аммо яке аз онҳо дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки соли гузашта вазъи паҳншавии коронавирус бадтар буд, аммо касе онҳоро берун накарда буд.

Ҳамчунин дар баробари ин хабар, расонаҳои қирғизӣ низ аз ихроҷи шаҳрвандони ин кишвар аз ноҳияи Лахш хабар доданд, вале мақомоти ноҳия онро рад карданд.

Eurasia Today, АкиПресс ва 24.kg хабар доданд, ки дар ноҳияи Лахш тафтиши шиноснома оғоз шудааст ва шаҳрвандони Қирғизистонро аз Тоҷикистон меронанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузоришҳои расонаҳои қирғизиро дар бораи ихроҷи қирғизҳои муқими минтақаи Лахш рад намуда, хабарҳои дар сайтҳои қирғизӣ нашршударо беэътимод ва ғайривоқеъӣ номид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...