Тасвиби лоиҳаи таъсиси системаи муштараки дифои зидди ҳавоӣ бо Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати Русия

Таъсиси системаи муштараки мудофиаи зидди ҳавоӣ аз ҷониби девони вазирони Федератсияи Русия ба тасвиб расид.

Ба навиштаи “Спутник” ҳукумати Русия лоиҳаи ташкили системаи муштараки минтақавии мудофиаи зидди ҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасдик кард. Қароре, ки савазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуда аст.

Дар ёдошти шарҳи ин санад нишон дода мешвад, ки ин лоиҳа бо Вазорати умури хориҷаи Русия ва дигар мақомоти иҷроияи манфиатдори федералӣ мувофиқа шудааст.

Ташаббускори ташкили системаи воҳиди мудофиаи зидди ҳавоӣ Вазорати мудофиаи Русия мебошад. Лоиҳа қаблан бо идораҳои марбутаи Тоҷикистон таҳия шуда буд. Созишнома ба раиси ҷумҳури Русия фиристода шуда аст.

Мушаххас шуда, ки ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки нерӯҳои низомии муштараки дифоъи зидди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби фармондеҳи кулли нерӯҳои фазонавардии Русия сурат мегирад.

Хайати шахсиро фармондеҳи Округи маркази ҳарбӣ роҳбари мекунад ва фармондеҳии нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои зидди нерӯҳои мусаллаҳ амалҳои муштараки нерӯҳоро дар ҳудуди минтақаи амнияти дастаҷамъӣ бар ӯхда дорад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи ниҳоии ташкили системаи муштараки дифоиро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таҳия ва тасдиқ кардаанд.

Созишнома ҷузъи системаи ягонаи дифои зидди ҳавоии ИДМ хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.