7.9 C
Dushanbe

Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу

Садҳо нафар марду зани тоҷик аз шоми 10 май ба ин тараф дар саҳни ҳавлӣ ва долону толорҳои фурудгоҳҳои Хуҷанду Душанбе дар даст билет мунтазири парвоз ба шаҳрҳои Русия ҳастанд. Вале бидуни онки арзу шикваи онҳо шунавида шавад, мақомоти Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ширкатҳои русии мусофирбари «Сибир» ва «Севрений ветер» байни ҳам баҳсу даъво роҳ андохтаанд: тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкатҳо бар хилофи мувофақаи қаблӣ арзиши билетҳоро афзудаанд, вале ширкатҳо бо радди ин иддао мегӯянд, ки мувофақаи ҳосилшударо нақз накардаанд.

Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин ширкатҳоро аз ҳаққи парвоз дар Тоҷикистон маҳрум кардааст. Ҳамакнун мусофирони бандмонда дар ин фурудгоҳҳо намедонанд, ки чи кор кунанд?

Масъулони Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон сад дар сад медонанд, ки шаҳрвандони рӯ ба муҳоҷират оварда аз рӯи ноилоҷӣ ва ночорӣ билети ниҳоят гаронро харидорӣ мекунанд. Роҳу чораи дигар надоранд. Мераванду халос. Зеро дар ватан роҳу василае барои зиндагӣ ва зинда мондан надоранд. Онҳо аз куҷо бидонанд, ки барои мисол «Северний ветер» ва ё ҳамин «Сомонайр» барояшон билетро хеле гарон фурӯхтааст.

Ин дигар масъулияти Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки мебоист нархҳоро танзим ва назорат мекард. Аммо ин ширкат вақте огоҳ мешавад, ки садҳо нафар билет харидааст ва онҳо бояд, ки ҳарчи зудтар парвоз кунанд. Ин мусофирони муҳоҷир ҳар дақиқаву соаташон ва ҳар дирами барои билет харҷ кардаашон баҳисоб аст. Онҳоро набояд муаттал кард. Аз бонк қарз гирифтаанд, бонк % мегирад, ҷойи корашон мунтазир аст, саривақт бояд бирасанд. Маблағе изофӣ надоранд, ки дар ин чанд рӯзи интизорӣ бихуранд.

Хулласи калом, ин масъулони Ожонсии алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистонанд, ки мебоист қабл аз расонидан ба чунин шароит андеша мекарданд. Аз тарафи дигар вақте ҳолати зору азиятбори ин ҳама марду зану ҷавонони бандмонда дар фурудгоҳҳоро дида кас дар тааҷҷуб меафтад, ки магар ҳамин масъулон нестанд, ки иҷоза доданд билетҳо аз тарафи ин ширкатҳои русӣ фурӯхта бишаванд.

Магар ҳамин Икром Субҳонзода, раиси Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон қабл аз фурӯши билетҳо бо ширкатҳои русӣ муомилоти худро ниҳоӣ накарда буд? Ин мардум чи гуноҳ доштанд, ки бар ивази иштибоҳи ӯ ин ҳама масрафу харҷ кунанд, сарсону саргардон ва таҳқир шаванд?

Бидуни кадом эълону огоҳии муқаддамотӣ тафовуту тағйиротҳо миёни парвози чартерӣ ва муқаррариро аз байн бурда тавонистанд, ку. Ҳоло касе намепурсад, ки шумо шаҳрвандии Русияро доред, шумо бемор ҳастед, шумо таҳсил мекунед, шуморо нафаре ва ё корхонае даъват кардааст? Ин қабил шарту шурут дигар пурсида намешавад. Яксара билет фурӯхта истодаанд. Танҳо касе зиёдтар диҳад ӯ меравад. Пас, чаро натавонистаанд, ки нархи билетро назорат кунанд?

Худи ҳамин масъулини ин Ожонсӣ буданд, ки нархи рафту баргашт аз Тоҷикистон ба Русия, масалан Маскавро 500 доллар муқаррар карданд. Агар чунин аст, чаро нархи ширкатҳои мусофирбарии «Северний ветер» ва ё ҳамин «Уралский авиалиний» 800 доллар таъйин шудааст? Онҳо чи кори алоҳида ва хосеро анҷом медиҳанд? Дигар ки гуфтем, кадом маҳдудияте миёни парвози чартерӣ ва муқаррарӣ боқӣ намондааст, пас чаро фарқи нархҳо аз замин то осмон?

Тааҷҷубовараш ин аст, ки Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз даромади 100.000 долларии ин ширкатҳо ҳасуд мехурад, аммо чиро тавзеҳе намедиҳад, ки «Тоҷикайр» чунин парвозҳоро анҷом намедиҳад ва аз чунин даромад маҳрум аст? Ҳадди ақал дар панҷ парвози ширкатҳои русӣ ширкати «Тоҷикайр» ҳам яктоӣ парвоз анҷом намедиҳад?

з тарафи дигар Икром Субҳонзода, раиси Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар ҳоле барои баландии қиматҳо ширкатҳои русиро муқассир меҳисобад, ки арзиши билетҳои «Сомонайр» низ поин нест.

То ҳамин ҳоло касе аз мусофирони ин ширкат ба нархи 350 доллар билет дастрас накардааст ва карда ҳам наметавонад. Зеро иллат на дар ширкатҳои русӣ аст ва на дар мусофирони тоҷик. Сабаб дар он аст, ки иҷозат ва ҳаққи фурӯши билети роҳҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистонро ширкати “Агентии алоқаи ҳавоӣ” ба таври инҳисорӣ дар дасти худ гирифтааст. Тамоми авиакассаҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар ихтиёри ҳамин ширкат аст.

Ин ширкат билетҳоро ба таври яклухт (оптом) аз ҳама ширкатҳои мусофиркашӣ, чи тоҷикӣ ва чи русӣ харидорӣ карда тавассути ҳамин кассаҳо ва албатта, бо изофаи ҳатмии «доля»-и худ мефурӯшад. Яъне бо ба дасти ин ширкат расидани билетҳо он аллакай ба дасти дуввум меафтад ва табъан ки нарх боло меравад. Ба навбати худ фурӯшандаҳои ин авиакассаҳо аз ин «шонс»-и пешомада ҳадди аксари истифодаро карда истодаанд.

Инҳо аз ширкати “Агентии алоқаи ҳавоӣ” баста-баста ва даста-даста, яъне яклухту оптом билетҳо барои парвозҳои мухталифро «зайнит» мекунанд, мусалламан бо пардохти маблағ. Ва ин билетҳоро ба харидори ниҳоӣ, ҳамин муҳоҷир бо дарсади калон мефурӯшанд. Аз ин ҷо аст, ки нархи билети 6,7,8000 сомонӣто 12 -у 13 ва аз ин ҳам болотар фурӯхта мешавад. Шояд бархе аз авиакассаҳо дар васат миллион-миллион кор карданд.

Намояндаи ширкати русии «Северний ветер» ошкоро ва босароҳат мегӯяд, ки онҳо ягон шарти тавофуқи ҳосилшуда бо Тоҷикистонро вайрон накарданд ва агар билетҳо гарон фурӯхта шуд, шаҳрвандон бираванд сабабашро аз авиакассаҳо бипурсанд:

Фирӯзҷон Юнусов, намояндаи ширкат, рӯзи 18-уми май ба расонаҳо гуфтааст, билетҳоро аз 8 ҳазору 800 сомонӣ зиёд нафурӯхтаанд:

“Аз якуми июн нарх арзонтар мешавад. Мо аз гарон фурӯхтани чиптаҳо хабар надорем. Агар нарх гарон аст, ҷавобгар хазиначиҳои билетфурӯшӣ ҳастанд. Метавонанд аб азидди онҳо даъво кунад. Нархи билети мо расман 8 ҳазору 800 сомонӣ муайян шудааст.

Ба касе пӯшида нест, ки бад-ин минвол идома ёбад ҳатто сеяки шумори муҳоҷирони кории тоҷик наметавонанд, ки саривақт ба Русия бираванд. Норасоии шадиди парвозҳоро ҳама медонад. Талабот бениҳоят зиёд аст. Тоҷикистон барои ширкатҳои ҳавонавардии мусофиркашӣ як бозори пур аз даромад аст. Ин вазифа ва масъулияти мақомоти тоҷик аст, ки шароити парвоз ба ширкатҳоро сода карда шумораи бештари онҳоро вориди ин бозор кунад.

Дар ин сурат мешавад, ки суръати афзоиши нархи билетҳоро коҳиш дод. Ин қоидаи бозор аст, ки мегӯяд, «бардорад зам кун». Аммо мутаассифона, дар мо дар чунин мавридҳо мақоли мардумии «буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу» ба ёди кас мезанад.

Зеро чунин тарзи муомила ва муносибат, ки аз ширкатҳо иҷоза ва ҳақи парвозро бигиред, на танҳо роҳи ҳал нест, балки ин бар зарари мардуми тоҷик аст. Чунки ин муҳоҷирон ба таври мавсимӣ кор мекунанд ва ҳоло барои онҳо як рӯзи офтобӣ муҳим ва боарзиш аст.

Намояндаи ширкати русӣ ҳамчунин пардохти зарари ворида ба ин мусофиронро бори дӯши мақомоти тоҷик кардааст, чунки гуфтааст вай, онҳо ҳеҷ коре хилофи шартнома накардаанд. Ҳавопаймои онҳо бо айби масъулони Тоҷикистон наметавонад мусофиронро бибарад. Дар ҳоле, ки мувофақа ҳосил шуда ва ҳатто парвозҳо ҳам анҷом шуда буданд.

Як нафар аз мусофирони бандмонда мегӯяд, ки:

« Агар масъулини Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар фикри халқи худ (муҳоҷирон) мебуданд, монеа намегузоштанд, баракс иҷозат медоданд, ки онҳо парвоз кунанд. Масалан, парвози рӯзҳои 10 то 14 то ба ин рӯзҳо кашола намешуд, чунки мусофирон, мусофирони маъмулӣ нестанд. Онҳо як тинашон ба ҳисобу китоб аст. Қарз гирифтагианд. Онҷо онҳоро мунтазиранд. Ҳамаи ин паҳлуҳои мураккаб ва мушкилофаринро бояд мулоҳиза ва  инсофан расидагӣ мекарданд».

Аз тарафи дигар ин мардум розӣ шудааст, ки бо ҳамин нарх (гарон) билет бихарад, пас Ожонси алоқаи шаҳрвандӣ чиро ғуссаи пули мардумро мехуранад? Магар «Сомон Эйр» арзонтар мепарад? Пас, чаро онро назорат намекунед?

Воқеияти таассуфбор ин аст, ки айни замон мардуми муҳоҷир дигар «виход» надорад. Поезд нест, автобус намегардад, танҳо роҳ ҳамин аст. Худро ба сад дар мезанаду қарз мегираду меравад, чун кораш «сезонний» аст. Ана, ҳамин «сезонний» будан фишори асосӣ аст, ки мардум чору ночор билетро гарон ҳам бошад мехарад.

Ин садҳо нафари бандмонда тайи ин муддат се ва чаҳор борӣ “справка”-и Ковид-19 харидорӣ карданд, ки харҷи изофӣ ва як зарбаи дигар ба ҷайби холишудаи онҳост. Албатта, дар зеҳни ҳар кадоме аз шумо ин саволҳо пеш меояд, ки «Ожонси алоқаи ҳавоӣ»- «оптовик»-и билетҳо моли кист?

Ин ширкат як зерсохтори «Тоҷикайр» буд, ки солҳо пеш аз тарафи Таҳмина Раҳмонова, духтари саввуми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ карда шуд. Бале, ин Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои оилаи ӯ ҳастанд, ки ҳатто дар ҳамин гуна рӯзҳои сахт ва душвори бар сари халқ омада даст ба талаву ғорати мардум мезананд.

Гаронии нархи билетҳоро на ширкатҳои русӣ, балки Таҳмина Раҳмонова сабаб шудааст. Ин Таҳмина аст, ки солона аз фурӯши танҳо ҳиссаи марбут ба «Сомонайр»-и бозори фурӯши билет 10.000.000 доллар даромади соф дорад. Ҳоло ки нархҳо маротибаҳо афзудааст ва ин афзоиши бамаротибӣ ҳамагӣ ба суратҳисобҳои ӯ меравад.

Вале сабаби дигари бандмондани садҳо нафар дар ин фурудгоҳҳоро як нафар корманди фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт, ки напардохтани доля ба фурудгоҳи Хуҷанд аз сӯи ин ширкат будааст. Ширкати русии «Северний ветер» мебоист як дарсадии муайяни арзиши билетҳояшро ба суратҳисоби Таҳмина ворез мекард ва барои онки ҳавопаймои бузургҳаҷмеро дар фурудгоҳ мешинонад ба раиси фурудгоҳи Хуҷанд Қурбон Исматуллоев, қудои Таҳмина Раҳмонова мебоист ҳақ медод, ки надодааст…аз ин ҷо аст, ки мардум сарсону саргардон аст ва инак 10 рӯз мешавад, ки авзоъ чуни наст.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия пас аз як соли танаффуси маҷбурии вобаста ба пандемияи коронавирус дар моҳи апрел аз сар гирифта шуд. Ба навиштаи сомонаи Your.tj, ба ҳар як билети ҳавопаймо дар ин хатсайр 1000 нафар (!) талабгор ҳастанд.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.