Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Гуфта мешавад, ин аввалин мулоқоти расмии сатҳи болоии намояндагони вазоратҳои хориҷии ду кишвар баъд аз ҳалли мушкилоти марзӣ ба шумор меравад.

Тавре расонаҳои қирғизӣ хабар доданд, сафари кории вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Бишкек бо даъвати вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жеенбек Кулубоев сурат гирифта, аз 30-юми июн то 1-уми июл давом кард.

Дар ҷараёни ин сафару мулоқотҳо вазирон доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию инсониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тарафҳо ҳамчунин дар робита ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ва дигар платформаҳои бисёрҷониба табодули назар карданд.

Вазирон аҳамияти таърихии имзои Созишнома оид ба марзи давлатӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро таъкид карда, зикр намуданд, ки анҷоми раванди аломатгузории марз заминаи сулҳи устувор ва ҳамсоягии нек дар минтақа хоҳад шуд.

Тибқи иттилои расонаҳо, қарор аст ба зудӣ раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Душанбе сафар кунад. Ва вазирони корҳои хориҷӣ зимни мулоқотҳояшон масъалаи омодагиҳо ба сафари дарпешистодаи Ҷабборов ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона ва мушкилоти марзии байни ду кишвар, ки аз ду тараф чандин кушта ва захмӣ ба ҷо гузошта буд, тамоми равобити дипломатӣ қатъ шуда буд. Пас аз эълони расидан ба созиш ҷонибҳо акнун равобити дипломатии худро аз сар гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.