Котиби Шӯрои амнияти Русия ба Душанбе меояд

Котиби Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев рӯзҳои 22-23 июн ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Шӯрои Амнияти Русия ба ТАСС хабар дод.

Гуфта мешавад, Патрушев барои иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки рӯзҳои 22-23 дар Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзад.

“Патрушев дар Душанбе дар 16-умин ҷаласаи солонаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат хоҳад кард”, – иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти Шӯрои Амнияти Русия.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.