Кумаки бебозгашти навбатии Бонки ҷахонӣ ба Тоҷикистон

Маркази матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Бонки ҷахонӣ барои амалисозии як қатор лоиҳаҳо ба Тоҷикистон кумаки молии бебозгашт мекунад.

Маблағҳо дар доираи тавофуқномаҳои имзошуда оид ба муосирсозии омори миллӣ, такмили идоракунии молияи давлатӣ, электриконидани деҳаҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷудо карда мешаванд.

Санадҳоро Файзиддин Каҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Ян Питер Олтерс, намояндаи доимии Боки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Ба нақл аз “Спутник”, дар маҷмӯъ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 35 миллион доллар кумаки ройгон мекунад.

Аз ҷумла 10 миллион доллар ҷиҳати бозсозии системаи омори миллӣ ва электронидании нуқтаҳои аҳолинишин, 9 миллион доллар барои амалисозии барномаи мутобиқсозии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал ва 6 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи идоракунии молияи давлатӣ.

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 21 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумӣ 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бензин, Wildberries ва муҳоҷири тоҷик

Ҳафтаи охир Укроин усули нави зарба ба иқтисоди Русияро...

Рекорд”-ҳои омории савдои хориҷӣ: Тиллову ашёи хом меравад, қарзу каср меояд

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агенттии экспорти Тоҷикистон...

30 дарсади шикоятҳои бонкӣ ба «Душанбе Сити» рост меояд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода мегӯяд, маблағҳои муштариён...

Рақиби “Сомон Эйр” бо ҳаёҳӯ ба майдон омад

Дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавонавардии Фарнборо (Бритониёи Кабир) ширкати нави...