Охирин рӯзи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон

То поёни муҳлати ҳузури нерӯҳои Амрико ва шарикони асосии он аз кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон як рӯз боқӣ мондааст.

Имрӯз нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи Афғонистон ва иқдомҳои минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин кишвар сурат мегирад.

Дирӯз, Департаменти давлатии ИМА дар як изҳорот аз баргузории ин нишаст эълон карда гуфт, дар он “равиши ҳамоҳангшуда барои рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда” баррасӣ мешавад.

Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои Фаронса, Канада, Олмон, Италия, Ҷопон, Британияи Кабир ва Русия ҳузур пайдо хоҳанд кард. Ҳамчунинин намояндагони кишвари Туркия, Қатар, Иттиҳодяи Аврупо ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ низ ширкат мекунанд.

Дар изҳорот ишора шудааст, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен пас аз мулоқот барои арзёбии иқдомҳои ахири ИМА дар Афғонистон суханронӣ хоҳад кард.

Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан мегуяд, ки Вашингтон қасд надорад сафорати худро дар Афғонистон пас аз 1 сентябр нигоҳ дорад, аммо ишора карда, ки кишвараш барои ҳузури дипломатҳояш дар қаламрави Афғонистон кор хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.