7.9 C
Dushanbe

Суҳбати Раҳмон бо Лукашенко

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар бораи вазъияти Афғонистон суҳбат кард.

Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҷонибҳо дар масъалаи вазъи Афғонистон ва масоили мубрами минтақа гуфтугӯ карданд. Инчунин дар суҳбати президентҳо масъалаи омодагӣ ба саммити Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД), ки қарор аст дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, муҳокима шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории белорусии “БелТА” навишт, ки президенти Беларус, Александр Лукашенко баъд аз суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳакдодро ба ҳузур пазирустааст.

Ин хабаргузорӣ ҷузъиёти бештаре аз суҳбати президенҳоро нашр карда, менависад: “Ман ҳоло бо президенти шумо (Эмомалӣ Раҳмон) суҳбат кардам. Ӯ ҳамчун дӯсти наздик тӯли ним соат дар бораи вазъи Афғонистон бо ман сӯҳбат кард. Дар зимн, маълумоти тозаи зиёде вуҷуд дорад, ки дар васоити ахбори омма шунида ва дида нашудааст.”, – мегӯяд Лукашенко.

Раисҷумҳури Беларус вазъияти марзи Тоҷикистону Афғонистонро хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда арзёбӣ карда, афзуд: “Ман аз ӯ (Эмомалӣ Раҳмон) хеле миннатдорам, зеро ӯ ҳама чизеро, ки дар он ҷо мегузарад, самимона ва ошкоро ба ман нақл кард. Ва имрӯз барои мо зарур аст, ки бо Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳо ҳамкорӣ намоем.”

Дар суҳбат бо сафири Тоҷикистон Александр Лукашенко таъкид кард: “Ман мутмаинам. Ҳатто шумо нисбат ба Иёлоти Муттаҳида, ки бевосита дар он ҷо кор мекунад, маълумоти бештар доред”, гуфт президенти Беларус.

Лукашенко мегӯяд, барои изҳори мавқеи аъзои СПАД дар мавриди вазъияти ахири минтақа талош дорад бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия пеш аз баргузории ҷаласаи СПАД дар Душанбе гуфтугӯҳо анҷом диҳад, то тасвири возеҳ пеш аз ҷаласаи СПАД пайдо шавад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Соли 2025 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон 6,5% афзоиш ёфт, вале “лимит” ҳам сахттар шуд

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" қариб 60 дарсад ба анҷом расидааст.

600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд

Дар соли 2025 наздики 600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд.

Боз даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шоми дирӯз байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.

Ваъдаи навбати мақомдорони тоҷик дар бораи лимити барқ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар боридану барфу борон зиёд шавад, лимити барқ камтар мешавад.