Ҳимояти Раҳмон садои Ҳикматёр, Пидром ва Толибонро баланд кард

Мавзеъгирии ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба тақисими одилонаи қудрат дар Афғонистон ва ба хусус мушорикати тоҷикону ӯзбекҳо ва дигар ақаллиятҳо дар идораи ҳукумати оянада тавассути Толибон вокунишҳои ҷиддиеро дар Кобул ва Душанбе ба бор овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷаи Покистон, Шарл Мишел Президенти Шӯрои Аврупо ва Эммануел Макрон, президенти Фаронса таъкид карда буд, ҳуқуқи тамоми ақаллиятҳо дар ҳукумати ояндаи Афғонистон, ба хусус тоҷикон, ки зиёда аз 46 дарсади сокинони ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд риоят шавад ва тоҷикон дар ҳукумати оянда ҷойгоҳи сазоворе дошта бошанд. Дар он сурат Тоҷикистон ҳукумати Толибонро хоҳад пазируфт.

Ин мавзеъгирии президенти Тоҷикистонро Толибон ба гунае дахолат кардан дар умури Афғонистон талаққӣ карданд. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ва сарпарасти Вазорати Фарҳанги Афғонистон дар ин робита ба расонаҳо гуфта буд, ки мо дар умури ҳамсояҳо дахолат намекунем ва дар баробар аз онҳо низ талаб мекунем, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунанд.

Аз ҷониби дигар Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон ва аз ҷангсолорони ин кишвар, ки дар ҳоли ҳозир яке аз ҳомиёни Толибон ном бурда мешавад, дар хутбаи намози ҷумъае дар Кобул шартгузории Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба эътирофи ҳукумати Толибон зери интиқод қарор дод.

Ба навиштаи сомонаи Радиои Озодӣ Ҳикматёр хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “ғами тоҷикони худро, тоҷикистониёнро бихӯред. Мушкилоти онҳоро ҳал кунед. Ҳуқуқи ақаллиятҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, риоя кунед. Номи кишвар Тоҷикистон ҳаст, вале дар онҷо ақаллиятҳо ҳастанд. Пурсида шавад, ки дар ҳукумати Шумо чанд узбак ҳаст? Аз ақаллиятҳои дигар чӣ қадар ҳузур доранд?”

Ин бархурд ва мавзеъгирии Гулбиддин Ҳикматёр бо вокунишҳои тунде дар Душанбе рӯ ба рӯ шуд. Мубаллиғон ва ҷонибдорони режими Раҳмон дар Душанбе ва хориҷ аз Тоҷикистон на танҳо аз Ҳикматёр интиқод, балки дар хеле мавридҳо таҳқиру тавҳинҳоеро низ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисори ӯ карданд.

Латиф Пидром, адиб, сиёсатмадор ва раҳбари Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, ки дар Душанбе ба сар мебарад низ бо камоли тавозӯъ аз мавзеъгирии Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз тоҷикони Афғонистон ҳимоят ва аз Гулбиддин Ҳикматёр интиқод кард.

Пидром бо нашри як навори видеоӣ Эмомалӣ Раҳмонро “пешвои миллат” хонда, мавзеъгириҳои президенти Тоҷикистон аз ҳусни нияти ҳамсоядорӣ ва дар чорчӯби санадҳо ва меъёрҳои инсондӯстонаи байналмилалӣ арзёбӣ карда Гулбуддин Ҳикматёрро шахсе “намак ношинос” гуфт. Зеро дар соли 1996, замони суқути Кобул ба дасти Толибон Ҳикматёр аз тарс ба Тоҷикистон муҳоҷир шуда, аз он ҷо сипас ба Эрон ҳиҷрат кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.