Роҳкиро дар Тоҷикистон гарон шуд

Дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон шуруъ аз фардо 1-уми сентябр нархи роҳкирои мусофиркашонӣ дар дохили шаҳр ва байнишаҳрӣ гарон мешавад.

Сурат: Asia-Plus

Тибқи қарори нави Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши роҳкирои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 50 дирам ва хатсайрҳои наздишаҳриву байнишаҳрӣ аз 3 то 5 сомонӣ гарон мешавад.

Вазорати нақлиёт сабаби гарон намудани нархи роҳкироро ба гароншавии аз ҳад зиёди нархи сӯзишворӣ дар кишвар рабт додааст.

Олим Очилзода, мудири Шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, “Фармони вазири нақлиёт дар бораи тағйирёбии нархи роҳқиро аз 21 июли тасдиқ гардидааст. Бар асоси ин фармон арзиши мусофиркашонӣ барои ҳар як километр 24 дирам муқаррар шудааст. Мо шароити иқтисодии мардумро ба назар гирифта арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ 2 сомонӣ ва ҳаминтавр наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ аз 14 то 22 сомонӣ муқаррар карда шудааст”.

Ин нархнома ба вилояти Суғд марбут аст, аммо нархномаи шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он то ҳол мушаххас нест.

Аз ин пеш аксар ронандагони нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон аз гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва даромади ночизшон шикоят намуда, аз ширкатҳои мусофиркашонӣ ва идораҳои дахлдор талаб карда буданд, ки нархи роҳкироро гаронтар кунанд. Аммо сокинон аз гароншавии роҳкиро сахт нигаронанд.

Баъд аз моҳи майи соли ҷорӣ нархи сӯзишворӣ дар кишвар рӯз ба рӯз гарон шудан гирифт. Давоми 4 моҳ қариб дар тамоми кишвар нархи сӯзишвории бензин ва дизел 45-50 дарсад ва гази моеъ то 60 дарсад ҳам гарон шуд. Айни замон як литр бензини навъи АИ 95 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 10,5 сомонӣ, АИ 92 – 10 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 9, 3 сомонӣ ва гази моеъ аз 3 сомонии 4 моҳ пеш ба 8 – 9 сомонӣ расидааст.

Мусофиркашони хатсайрҳои дохили Душанбе ва навоҳии тобеъу вилояти Хатлон пеш аз оне, ки Вазорати нақлиёти кишвар нархро муайян кунад, роҳкироро худашон то 35-45 дарсад гарон кардаанд.

23-уми август баъзе ронандагони таксӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки роҳкиро байни Душанбе ва Роғун агар то чанд моҳ пеш барои як мусофир 25 сомонӣ буд, дар пайи болоравии нархи гази моеъ арзиши он то 40 сомонӣ гарон шудааст.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон 29 воридкунандаи сӯзишворӣ сабти ном шудааст. Яке аз воридкунандаҳои асосӣ ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон”-у ширкатҳои фаръии он, ки бо номҳои мухталиф сабти ном шудаанд ва воридкунанда ва фурӯшандаи аслии дигари сӯзишворӣ дар кишвар ширкати “Фароз” мебошад, ки ба Шамсулло Соҳибов домоди Эмомамалӣ Раҳмонов тааллуқ дорад.

Коршиносон яке аз сабабҳои аслии болоравии нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон дар инҳисор шудани ин бозор аз тарафи шахсони наздик ба хонавдаи Расиҷумҳур рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Душанбе киро интихоб мекунад: Пекину Маскав ё Анқарву Теҳрон?

Воқеъияти ҷаҳон, бахусус минтақа ин аст, ки кишварҳои кӯчаке мисли Тоҷикистон наметавонанд сиёсати мустақил дошта бошанд ва таҳти таъсири қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор нагиранд.

Кир Стармер аз мақоми сарвазири Британия истеъфо медиҳад

Кир Стармер, нахуствазири Британия, эълон кард, ки аз раҳбарии Ҳизби коргар ва мақоми сарвазир канорагирӣ мекунад.

Шарифхон Сафарзода муваққатан раҳбари Бадахшон шуд

Баъди марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ иҷрои вазифаҳои роҳбарии вилоят бар уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.

Амрико ва Эрон даври нави музокиротро дар Швейтсария анҷом доданд

Ҳайатҳои Амрико ва Эрон рӯзи 21-уми июн нахустин даври музокироти нави худро дар шаҳри Бургенштоки Швейтсария анҷом доданд.