Намоиши мева ё нишасти СҲШ?

Рӯзи 16-уми сентябр президентҳо ва мақомоти баландпояи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) барои нишасти навбатии СҲШ ба Душанбе ташриф оварданд.

Акс аз сомонаи Президент

Сомонаи Президент шоми 16-уми сентябр сайру гашти раҳбарони давлатҳо ва аъзои (СҲШ)-ро аз барномаи “Шоми дӯстӣ” дар бустонсарои Президент мунташир кард.

Чизе, ки диққати корбарони шабакаҳои иҷтиморо ҷалб кард ва ба он вокуниш нишон доданд, ин нақшу нигорҳое буд, ки бо меваҳои мухталиф оро ёфта буд.

Дар аксҳо дида мешавад, ки аз меваҳои ангуру себ ва дигар меваҷот қулла ва ё дигар навиштаҷотҳоро наққошӣ кардаанд.

Корбарон дар вокуниш ба ин аксҳо менависанд, ки дар бозор як кило себ ҳоло беш аз 30 сомонӣ арзиш дорад ва дигар меваҳо хеле гарон аст, ки аксар сокинони кишвар аз харидани он оҷизанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин меваҳо ба намояндагони кишварҳое ба намоиш гузошта шуда, ки қариб ҳамаи онҳо дар содироти мева аз Тоҷикистон пешқадамтар ҳастанд.

Тибқи оморҳо танҳо худи кишвари Чин 20 дарсади содироти меваи ҷаҳониро таъмин мекунад. Покистон низ яке аз кишварҳоест, ки дар рӯйхати содиркунандагони мева дар баробари кишварҳои пешрафта қарор дорад. Ҳатто кишварҳои ҳамсоя дар содироти мева аз Тоҷикистон пешсафанд.

Аммо мунтақидони ҳукумати Раҳмон ороиши даҳҳо тонна меваро дар бӯстонсарои Президент як саҳнасозие беш намедонанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар меваҳо дар намоиш нею дар бозор бароварда шаванд, шояд нарху навои бозор каме ҳам бошад ба эътидол дароварда шавад.

Коршиносон сабаби ба намоиш гузоштани меваҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмонро дар надошти истеҳсол ва дастовардҳои муҳим медонанд. Ба гуфтаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 соли ҳукуматдорияш натавониста ба ҷуз намоиш додани мева ва саҳнасозӣ дигар чизе ба намоиш гузорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд

Дар Лахш як ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.

Даргириҳо дар Яман: ҳар ду тараф аз пешрафт дар ҷабҳаҳо хабар медиҳанд

Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати эътирофшудаи Яман ва ҷунбиши Ҳусиҳо дар чанд минтақаи ин кишвар идома дорад.

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.