Хатлон: Ҳамлаи А.Соҳибови хеши президент ба як зан

Бар асари як ҳамлаи мусаллаҳонаи Азизулло Соҳибов, раиси “Тоҷикматлубот” дар вилояти Хатлон ба “дӯстдухтараш”, ҷабрдида аз ноҳияи гардан захмӣ шудааст. (Хабар таҳрир шудааст.)

Сомонаи Радиои Озодӣ бо нашри гузорише хабар дод, ки хонум С.О.-и 36-сола ва аз дӯстони Азизулло Соҳибов шоми 10-уми окятбри соли ҷорӣ бо ҷароҳатҳои вазнин аз ноҳияи гарданаш аз маҳаллаи Ломоносови шаҳри Бохтар ба бемористони Қарияи Болои вилояти Хатлон интиқол ёфтааст.

Ин гузориш дар истинод таъкид мекунад шоми он рӯз Азизулло Соҳибов бо корд ба хонум С.О. ҳамла карда ва ба қавли яке аз шоҳидон “пас аз чанде садои доду вой баланд шуд ва пас аз бурдани зани оғуштаи хун он ҷо кормандони милиса ҳозир шуданд.”

Аммо 20-уми окятрб Азизулло Соҳибов ба расонаҳо гуфтааст, ки дар захмӣ шудани он зан касе даст надорад, вай зан худаш “худро бо корд задааст.”

Бо ин вуҷуд, гуфта мешавад, зани ҷароҳатбардошта пас аз се рӯзи бистарӣ шудан дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи Қарияи Болои вилояти Хатлон рухсат шудааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ҷабрдида алайҳи муттаҳам ба мақомоти корҳои дохилӣ шикоят кардааст ё на? Ва ё мақомоти корҳои дохилӣ пас аз анҷоми ин ҷинояти мудҳиш алайҳи хеши наздики президент Эмомалӣ Раҳмон Азизулло Соҳибов парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд ё хайр?

Азизулло Соҳибови 50-сола, бародари Зоир Соҳибов ва амаки Шамсулло Соҳибов, домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст. Вай дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) зиндагӣ мекунад ва солҳо боз раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот”-и вилояти Хатлон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.