UFC набарди Ҳасбик ва Абдурозиқро баргузор мекунад

UFC метавонад набарди блогери рус Ҳасбулло Магомедов (маъруф ба Ҳасбик) ва овозхони тоҷик Абдурозиқро баргузор кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, президенти UFC Дана Уайт омодааст барои баргузории ин набард 1,5 миллион доллар ҷудо кунад.

Дар баробари ин Уайт сабаберо номбар кард, ки метавонад Ҳасбикро аз иштирок дар чунин набард боздорад. Ба гуфтаи ӯ “падараш Ҳасбикро хеле эҳтиёт мекунад” ва шояд нагузорад, ки писараш вориди набард шавад.

Қаблан муборизаи Ҳасбик ва Абдурозиқро блогери русзабон Асҳоб Тамаев тарғиб мекард. Аммо ин набард то ҳол сурат нагирифтааст. Дар як навор Тамаев сабаби баргузор нашудани онро ба Ҳасбик рабт дод ва гуфт, ки ӯ барои набард маблағи хеле калон – 20 миллион рубл (272000$) талаб кардааст.

Ҳасбик ва Абдурозик ҷавонони 18-солае ҳастанд, ки таҷрибаи кофии варзишӣ надоранд, аммо муборизаи эҳтимолии онҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар саросари ҷаҳон таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеаро ба вуҷуд овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.

Дастури нави Вазорати маориф барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сохторҳои зертобеи худ дастур дода, ки омӯзгорон ба корҳои берун аз фаъолияти таълиму тарбия ҷалб карда нашаванд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти раҳбарони Толибонро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) ҳукми боздошти чаҳор мақоми баландпояи Толибонро содир кард.

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд