ҲНИТ ва КШНГЗС муҷозоти ду зиндонии сиёсиро маҳкум карданд

Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) муҷозоти ду узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ, Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқро ба хотири навиштани нома ба Эмомалӣ Раҳмон шадидан маҳкум кардаанд.

Раёсати олии ҲНИТ аз созмонҳои зидди шиканҷа ва ниҳодҳои ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар дохили кишвар ва хориҷ аз он даъват намудааст, ки нисбат ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ бетараф набошанд ва ба ин қазия дахолат намоянд.

Дар идома РО ҲНИТ аз вазъи саломатии Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ, ки баъди ирсоли номае ба Президент ба ШИЗО бурда шуданд ва мавриди шиканҷа қарор гирифтанд, сахт нигарон буда, масъулияти саломатӣ ва ҳифзи ҷони ин ду зиндониро бар уҳдаи шахси Э. Раҳмон медонад.

Ҳамчунин РО ҲНИТ талаб намудааст, ки Прокурори генералӣ ва Омбудсмени кишвар вориди амал шуда, ба ин қазия равшанӣ андозанд.

Дар баробари ин аз Раҳмон хоста шудааст, ки эълом кунад, кадом гурӯҳи шаҳрвандон ҳаққи муроҷиат кардан ба ӯро доранд ва кадом гурӯҳ аз чунин ҳуқуқ маҳрум ҳастанд.

Ҳамзамон Кумитаи наҷот аз ниҳодҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башарии дохилӣ ва байналмилалӣ талаб намудааст, ки бо дархости расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон роҷеъ ба иллати муҷозоти онҳо гузориш таҳия карда, онро ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ирсол намоянд ва аз мақомот бихоҳанд, то даст аз поймол кардани ҳуқуқи зиндониён бардоранд.

Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, ду узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ пас аз навиштани номаи кушод ба Эмомалӣ Раҳмон дар зиндони шаҳри Ваҳдат мавриди муҷозот қарор гирифта, онҳоро ба утоқи ҷазо (ШИЗО) бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки номаи кушодаи ин ду маҳбуси сиёсӣ рӯзи 5-уми ноябр ба дасти Аздо тв расида буд ва онро расонаӣ кард. Дар ин нома онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқи мунсифона ва аз нав бозбинии парвандаашонро дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ хоста буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.