13.9 C
Dushanbe

Шабҳои ваҳшатноки Себистон (қисми якум)

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ ҶАННАТУЛЛОҲИ КОМИЛ

ШАБҲОИ ВАҲШАТНОКИ СЕБИСТОН (қисми якум)

Ба қатл расонидани Мулло Ширин

29 сол қабл – аз оғози соли 1992 то охирҳои ҳамон сол – дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара беш аз 40 нафар мардуми одии ин минтақа аз сӯйи силоҳбадастоне, ки худро мутааллиқ ба Фронти халқӣ медонистанд, қатли ом шудаанд, ки то ба ҳол аз ҷониби Ҳукумати кишвар ин қотилон муҷозот нашудаанд. Ин гурӯҳи силоҳбадаст бо ҳарки адовату душманӣ доштанд, бо баҳонаи ширкат кардани наздикони онҳо дар майдони Шаҳидон, онҳоро бидуни ҳеҷ ҷурме бераҳмона ба қатл расониданд. Молу мулки мардумро дар ин ҷамоат ғасб мекарданду бо ҳар баҳона шахсоне, ки ба онҳо писанд набуд, ба “Штаб” бурда азобу шиканҷа медоданд ва ё мекуштанд.

Ҳоло инҷо танҳо яке аз он амалҳои разилонаи он гурӯҳи ваҳшии силоҳбадастро, ки нисбати мардуми одии бечора дар он солҳо чи корҳое накарданд, ба қалам меорам. Ва дар бораи боқӣ – иншоаллоҳ дар оянда хоҳам навишт.

Баҳори соли 1992 буд, ки ин гурӯҳи ваҳшӣ ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ оғоз карда буданду аллакай чанд ҷавони Себистонро ба хотири душмании пешакӣ доштан ва бо баҳона ва туҳмати ширкат карданашон дар майдони Шаҳидон ба қатл расонида буданд. Дар бораи онҳо ҳам бо хости Аллоҳ муфассал баён хоҳам кард.

Маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо, яъне 29 сол қабл дар таърихи 11.11.1992 чанд нафар аз мардуми мулкии бегуноҳ дар Себистон аз дасти ин силоҳбадастон бераҳмона дар назди фарзандонашон ба қатл расидааст. Ман бо оне, ки он замон 10 сола будам, аммо хуб ба хотир дорам, ки дар Себистон чи амалҳои ваҳшиёнае аз ҷониби инҳо алайҳи мардуми одди рух медод. Чӣ гуна ба хонаи мо омаданду силоҳро ба рӯям кашиданд ва чӣ гуна мардумро ба “Штаб” бурда озору шиканҷа медоданд. Чӣ гуна додари се солаамро ба замин зада куштанд. Чӣ гуна Маҳсадалӣ, як ҷавони бечораро дастонашро бурида буданду ба дарё партофтанд, хуб ба хотир дорам.

Дар таърихи 11.11.1992 чанд нафар аз силоҳбадастони Фронти халқӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара бо шумули малъун Саидов Маҳманазар Фатҳуллоевич ва малъуни дигар Сайфуллоев Зайнулло бо машварати дигар силоҳбадастон нақшаи ба қатл расонидани падрам Комилов Иззатуллоҳ, Мирзоев Шерхон ва Мулло Ширин (Атоуллоев Ширин, писарамаки падарам)-ро мекашанд. Ҳамонтавре, ки худ ба ёд дораму аз модару наздикони ин шаҳидон шунидам, дар оғоз онҳо баъди маслиҳати пешакӣ ба тарафи хонаи Мулло Ширин мераванд. Ҳаво аллакай торик шуда буду мардуми деҳа тахминан намози хуфтанро хонда ҳама ба хонаҳои худ баргашта буданд. Ин қотилон бо сардории Саидов Маҳмаманазар Фатҳуллоевич ва лаъиншуда Сайфуллоев Зайнулло вориди ҳавлии Мулло Ширин мешаванд. Вақте вориди ҳавлӣ мешаванд, ӯро ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандони ноболиғаш дар хона пайдо мекунанд. Аз қазо ду фарзанди бузургаш дар хона набуданду дар Душанбе таҳсил мекарданд. Ва ба зӯри силоҳ ӯро аз хона ба берун мебароранд ва танҳо ба хотири ин ки писараш дар мадрасаи исломӣ (Қозиёти он замон) таълим мегирифт, бо дастаи силоҳ шадидан лату кӯб мекунанд. Ҳатто аз задани зиёд ӯ беҳуш мешавад ва шояд ҳамонҷо ҷон дода бошад. Аммо ин ду мухлуқи ваҳшӣ бо ин амалашон иктифо накарда, ӯро бо тири силоҳ ба қатл мерасонанд ва ҷасади пур аз хуну тикашуда ва беҷони ӯро дар кӯча мепартоянд. Ҳатто ба ҳамсояҳо таҳдид мекунанд, ки агар касе ба инҳо кумак расонад, ӯро ҳам ба қатл мерасонем. Чун дар он вақт на ҳукумат буду на қонуну қоида. Ҳама дар дасти ин силоҳбадастони ваҳшии муғултабор буд.

Сипас ҷасади ӯро як зан ва як нафари дигар пинҳонӣ аз кӯча ба хонааш мебаранд ва ин шаб сиёҳтарин шаб барои аҳлу фарзандони ин марҳум буд. Ин ду ваҳшӣ бо ин амалашон инктифо накарда, балки боз ҳам барои хунхорӣ ба тарфи хонаи Мирзоев Шерхон мераванд.

Мирзоев Шерхон писарамаки модари марҳумам аст. Шахсе, ки ҳама ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Аз ин хонавода падар ва се бародар аз дасти ин гурӯҳи ваҳшӣ ба қатл расидааст.

Идома дорад…

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...