Мулоқоти муовини ВКХ бо сафири Беларус дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Баларус дар Тоҷикистон баргузор шуд.

16-уми ноябри соли 2021 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко баргузор гардид.

Вазорати корҳои хориҷии кишварамон мегӯяд: “Мусоҳибон ҳолат ва дурнамои густариши равобити муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карда, доир ба ҳамкориҳои кишварҳо дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.”

Ба таъкиди манбаъ ин “суҳбат дар фазои дӯстона сурат гирифт”, аммо бо як нигоҳ ба чеҳраҳои мусоҳибон маълум мешавад, ки ҳар ду ҷониб нигарон ва нороҳат аз авзои кишварҳояшон мебошанд.

Тоҷикистону Беларусро касоне идора мекунанд, ки тайи 29-30 соли раҳбарии худ натавонистаанд мардуми худро аз буҳронҳои иқтисодӣ, молӣ ва маъишатӣ наҷот диҳанд, баръакс раҳбарони ҳар ду ҷониб сабабгори шиддат гирифтани буҳронҳои молӣ, иқтисодӣ, ва ҳуқуқибашарӣ дар Тоҷикистону Беларус шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.