21.9 C
Dushanbe

Боздошти беш аз 20 нафар барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Кормандони ФСБ ва Вазорати корҳои дохилии Русия як гурӯҳи ҷиноиро кашф ва боздошт карданд, ки ба қонунигардонии муҳоҷирон тавассути издивоҷҳои қалбакӣ машғул будаанд. Дар ин бора хабаргузории “Lentа.ru” бо истонад ба намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.

Гуфта мешавад, амалиёти вижа дар Маскав, вилоятҳои Вологда, Новгород, Ярославл ва Твер доир шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла созмондиҳандаи ин гурӯҳ боздошт шуданд.

Тибқи гуфтаҳои масъулин, тафтишоти пешакӣ нишон дода, ки гумонбарон ба занҳои рус барои издивоҷи муваққатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ё сабти онҳо ҳамчун падари фарзандонашон то 50 ҳазор рубл пул медодаанд.

Бо ин роҳ муҳоҷирон метавонистанд иҷозаи иқомати муваққатӣ ё шаҳрвандии Русияро ба таври содда ба даст оранд.

Нисбати боздоштшудагон бар асоси қисми 2 моддаи 322.1-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) парванда боз шудааст. Шаш нафари онҳо ба ҳабс, ду нафар ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда, як ҷинояткори дигар бо шарти берун нарафтан аз ватан озод карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин як зани рус бо роҳи қалбакӣ як марди тоҷикро ҳамчун падари писараш дар ивази гирифтани пул сабт карда, марди тоҷик бо ин роҳ мехостааст будубошашро дар Русия қонунӣ намояд. Гуфта мешавад, бо талаби додситонии шаҳри Пскови Русия ин шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум карда шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.