Дилровар Ҷӯраев аз боздошт раҳо шуд

Додгоҳи шаҳри Новосибирски Русия субҳи имрӯз 16-уми ноябр Диловар Ҷӯраев, як сокини ҷамоати Ворухро аз боздошт раҳо кард. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод.

Ҷӯраев 8-уми ноябри имсол бо дархости мақомоти Қирғизистон аз ҷониби пулиси Русия бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили бетартибиҳо дар нуқтаҳои марзии номуайяншуда байни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Қирғизистон боздошт шуда буд.

“Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Диловар Бобомахкамович, 23.05.1969 соли таваллудаш, ки 8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсия ношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд, бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабс озод карда шуд.”омадааст дар хабари Додситони кул.

Рӯзи 12-уми ноябр Додситони кулли Тоҷикистон расман ба боздошти Диловар Ҷӯраев вокуниш кард ва боздошти ӯро дорои “ангезаи сиёсӣ” номид. Инчунин аз мақомоти Русия хост ӯро раҳо кунанд.

Ҳамзамон Додситони кулли Тоҷикистон навишт, ки ба Додситони кулли Ҷумҳурии Қирғизистон нома ирсол карда, аз онҳо хостааст, ки ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Дулан”-ҳои “соҳибдор” ва сокинони рӯ ба раҳми Худо

Марги чанд нафар дар асари як садама бинобар нуқси фаннӣ (техникӣ) фоҷеъаи табиӣ нест ва дар дилхоҳ кишвари мардумсолор зилзила бармеангезад.

Ду рӯзноманигори тоҷик баъди афв озод шуданд: яке ба соҳибкорӣ, дигаре ба табобат машғул мешавад

Ду рӯзноманигори тоҷик — Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода...

Мақомот: Муҳоҷирати корӣ 1,7 дарсад коҳиш ёфт, аммо шумораи расмии бекорон афзуд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли 2026 муҳоҷирати...

Аз курйерӣ дар Русия то асорат дар Украина – саргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон

Навори муроҷиати шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Азимзода Давлат Одина, ки...