12.9 C
Dushanbe

Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон барои 15 кг “метамфетамин”

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳудуди 15 кг ҳабҳои психотропии навъи “метамфетамин” мусодира намуданд. Барои ин ду шаҳрванди Афғонистонро боздошт карданд.

Бино ба иттолии Агентӣ, 7-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони оперативӣ дар шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷи Поён ду шаҳрванди Афғонистон Салоҳиддин Валади Боймат ва Маҳмадсаҳи валади Холмуҳаммад боздошт шуданд.

Зимни кофтукоб аз боздоштшудагон 15 зарфи пластикӣ мусодира гардид, ки дар дохили он бастаҳои селофанӣ бо маводҳои кристалии рангашон сафед мавҷуд буд. Тафтишот нишон дод, ки маводи дарёфтшуда ҳабҳои психотропии навъи “метамфетамин” буда, вазни умумии он 14 килограмму 850 граммро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаҳои 200 қисми 4  банди “д”, 335 қисми 2 ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сармуҳосиби беморхона ба иттиҳоми дуздии беш аз як млн сомонӣ боздошт шуд

Сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб Сиддиқов Б.Б. бо иттиҳоми тасарруфи маблағи зиёди буҷети давлатӣ боздошт шудааст.

Низоми нави назорати вазни мошинҳои боркаш дар даромадгоҳҳои Душанбе

Дар роҳҳои воридшавӣ ба шаҳри Душанбе аз самтҳои Турсунзода ва Бохтар нуқтаҳои махсус барои санҷиши вазни мошинҳои боркаш бунёд карда мешаванд.

Тоҷикистон талош дорад ба маркази транзитӣ дар минтақа табдил шавад

Тоҷикистон метавонад дар оянда ба яке аз нуқтаҳои муҳими пайвасткунандаи роҳҳои нақлиётӣ миёни кишварҳои ИДМ ва минтақаҳои Осиё табдил ёбад.

Боздошти бародари Тошиев дар Қирғизистон

Шаирбек Тошиев, бародари хурдии собиқ раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.