21.9 C
Dushanbe

Куштор дар Роштқалъа ва эътирози сокинон дар Хорӯғ

Кормандони прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Роштқалъа як сокини маҳаллиро дар манзили зисташ ба қатл расониданд.

Баъд аз кушта шудани ин ҷавон сокинон ҷасади ӯро рӯи дастонашон гирифта ба маркази Вилоят оварданд ва аз мақомот суол мекунанд, ки бо чӣ ҷурме ӯро куштанд?

Ба гуфтаи манбаи Аздо тв аз Хорӯғ, шаби 24-ум ба 25-уми ноябри соли ҷорӣ Гулбуддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаи истиқоматиаш тавассути кормандони прокуратураи вилоят аз ноҳияи сараш парронда шуд.

Аммо Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони “Ватандор”, дар сафҳаи Фесбукиаш қатли Гулбуддин Зиёбековро “амали террористӣ” хонда, навиштааст, ки тавассути “гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯш” сурат гирифтааст.

Ҳамзамон “Pamir Daily Newsдар саҳфаи Фейсбукиаш хабар дода, ки пас аз қатли Гулбуддин Зиёбеков “аз Хорӯғ гузориш мешавад, ки вазъият бадтар гардида ва садои тир ҳам шунида мешавад.” Гурӯҳе аз ҷавонони ин вилоят ҳам дар маркази шаҳри Хорӯғ ҷамъ шуда, хостори баргузории тазоҳурот мебошанд.

Манбаи Аздо тв, дар идома афзуд, ки ба эҳтимоли зиёд, парвандаи Гулбуддин Зиёбеков аз қабл дар дасти мақомот вуҷуд дошт, зеро вай яке аз ширкаткунандагони эътирозҳои соли гузашта дар Хорӯғ ба хотири дастдарозии яке аз кормадони мақомоти қудратӣ ба ҷавондухтаре аз Роштқалъа буд.

Вай гуфт, дирӯз, пеш аз манзили Гулбуддин Зиёбеков рафтан ҳамон кормандони мақомоти прокуратура дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворие истода, ҳангоми хариди маводи сӯхт корманди НФС аз қасди онҳо бохабар мешавад. Вай фавран ба Гулбиддин тамос гирифта, ӯро огоҳ мекунад. Аммо ин гуфтугӯи онҳо тавассути КДАМ шунуд шуда, фавран корманди НФС-ро боздошт ва сипас қотилонро ба хонаи Гулбуддин Зиёбеков мефиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.