Толибон: ДОИШ дигар ба Афғонистон таҳдид намекунад

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон имрӯз 10-декабр дар Кобул гуфт, ки ДОИШ дигар барои Афғонистон ҳамчун нерӯи таҳдидгар маҳсуб намешавад.

Ба гузориши шабакаи Телевизиони яки Афғонистон, сухангӯи Толибон гуфта, ки дар се моҳи гузашта беш аз 670 ҷангҷӯи гурӯҳи ДОИШ-ро дар нуқоти гуногуни кишвар боздошт кардаанд. Ӯ таъкид карда, ки ДОИШ дигар таҳдиде барои Афғонистон нест.

Ин суханони Забиҳуллоҳи Муҷоҳид дар ҳолест, ки худи ҳамин рӯз дар Кобул таркише рух дод, ки ба эҳтимоли зиёд амали террористӣ аст. Гуфта мешавад, бомб дар микроавтобус ҷогузорӣ шуда буд ва ба гузориши манобеи хабаргузории “Омоҷ” чанд нафар низ бар асари он ҷон бохтанд. Муълумоти расмӣ то ҳол нашр нашудааст.

Ҳамчунин давоми чанд моҳи ахир чандин таркишҳои мудҳиш дар дохили масҷидҳо ва ҷойҳои серодам дар шаҳрҳои Афғонистон рух дод, ки ҷони даҳҳо одамро рабуд ва масъулияти онҳоро ДОИШ бар уҳда гирифта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои дарёфти то 1,8 миллиард доллар бояд ислоҳот гузаронад

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар солҳои 2026–2032 барои Тоҷикистон то 1,8 миллиард доллар маблағ ҷалб кунад.

Австрия дархости истирдоди Нуриддин Ризоиро низ рад кард

Додгоҳи Австрия дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Нуриддин Ризоӣ — яке аз фаъолони собиқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва паноҳҷӯи сиёсӣ дар ин кишварро рад кардааст.

ИДМ тамрини муштараки зиддитеррористиро оғоз мекунанд

Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) омодагиро ба яке аз бузургтарин тамринҳои муштараки зиддитеррористии соли ҷорӣ оғоз карданд.

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.