Ихроҷи беш аз 130 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

Беш аз 130 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав қарор доранд, ба ватан ихроҷ мешаванд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст, ки консули Тоҷикистон дар Русия Искандар Шарофзода аз ин боздоштгоҳ, ки воқеъ дар Сахарово аст, дидан кардааст.

Гуфта мешавад, ки консул бо раҳбари ин марказ Алексей Лагода мулоқот намуда, дар ҷараёни он ҷонибҳо шароити нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сахароворо баррасӣ кардаанд.

Инчунин, масъалаи сабти асноди зарурӣ ва баргардонидани муҳоҷирон ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар хабари сафорат гуфта мешавад, ки кормандони сафорат бо шаҳрвандони Тоҷикистон суҳбат доир намуда, ба саволҳои онҳо посух ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ва ба шаҳрвандон меъёрҳои асосии қонунгузории Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонда шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин марказ 136 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дошта, ба 133 нафари онҳо аз ҷониби Хадамоти консулӣ шаҳодатномаи бозгашт ба ватан “ройгон” дода шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд

Дастаи Тоҷикистон дар нахустин иштироки худ дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ (IOAI-2026) соҳиби ду медал шуд.

Сафари ҳайати Толибон ба Молдова баҳсбарангез шуд

Сафари як ҳайати ҳукумати Толибон ба Ҷумҳурии Молдова боиси баҳсҳои сиёсӣ ва интиқодҳои густурда дар ин кишвар гардид.

Дар Душанбе чанд навраси пайрави сабки “нефор” боздошт шуданд

ВКД-и Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳ наврасон хабар дод, ки бо тақлид ба фарҳанги бегона тарзи либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ ва рафтори худро тағйир додаанд.