Тоҷикистон ба Афғонистон имсол дар ҳаҷми $69 млн барқ медиҳад

Байни Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон созишномае ба имзо расида, ки тибқи он кишвари Тоҷикистон бояд давоми соли 2022 ба андозаи 1,5 миллиард кВт/соат барқ бо маблағи $69 млн ба Афғонистон содир кунад.

Хабаргузории афғонии “Тулуънюс” дар саҳифаи телеграмии худ бо такя ба сухангӯи ҳукумати Толибон Анъомуллоҳи Самангонӣ хабар дод, ки ӯ ба расонаҳои русӣ гуфта, ки бар асоси созишномаи ба имзорасида байни Душанбе ва Кобул, Тоҷикистон давоми соли 2022 ба Афғонистон 1,2 миллард кВт/соат барқ ва Узбекистон 2 мллиард кВт/соат барқ содир хоҳанд кард.

Охири моҳи декабр ширкати барқрасони Афғонистон “Бришно” эълом карда буд, ки барои воридоти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон бо ширкати “Барқи тоҷик” дар шаҳри Душанбе қарордоди нав имзо кардааст.

Дар иттилоияе, ки ширкат нашр кардааст, гуфта мешавад, ки қарордоди воридоти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афонистон барои соли 2022 байни раиси ширкати “Барқи тоҷик” Исмоилзода Мирзо Иброҳим ва ҳайъати ҳамроҳаш ва раиси ширкати “Бришно” Ҳофиз Муҳаммад Амин ва ҳайъати ҳамроҳаш имзо шудааст.”

Гуфта мешавад, дар бораи имзои ин қарордод ширкати “Барқи тоҷик” расман дар сомонааш ҳеч матлабе нашр накардааст, аммо ширкати “Бришно” меафзояд, ин “қарордод дар ҷараёни музокироти ду рӯза аз сӯи ду тараф имзо шуда, зимни он қарордоди моҳи июли то декабри соли равон, ки ба далели таҳаввулоти сиёсӣ ба таъвиқ уфтода буд, низ имзо шудааст.”

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон дар ҳоле ба кишварҳои ҳамсоя Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нерӯи барқ содир мекунад, ки ҳудуди 80 дарсади сокинои кишвар дар шаҳру ноҳияҳо дар фасли сармо аз бебарқӣ ранҷ мебаранд. Ҳукумат барои онҳо реҷаи лимити интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ карда, рӯзона ба ҳисоби миёна то 7 соат барқ меҳмони онҳо мешавад ва боқӣ ҳудуди 17-18 соати дигар дар сардӣ ва торикӣ ба сар мебаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бензин, Wildberries ва муҳоҷири тоҷик

Ҳафтаи охир Укроин усули нави зарба ба иқтисоди Русияро...

Рекорд”-ҳои омории савдои хориҷӣ: Тиллову ашёи хом меравад, қарзу каср меояд

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агенттии экспорти Тоҷикистон...

30 дарсади шикоятҳои бонкӣ ба «Душанбе Сити» рост меояд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода мегӯяд, маблағҳои муштариён...

Рақиби “Сомон Эйр” бо ҳаёҳӯ ба майдон омад

Дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавонавардии Фарнборо (Бритониёи Кабир) ширкати нави...