25.9 C
Dushanbe

Изҳори омодагии Чин барои фиристодани нерӯи низомӣ ба Қазоқистон

Кишвари Чин барои фиристодани нерӯи низомӣ ба Қазоқистон дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шонҳой (СҲШ) изҳори омодагӣ кардааст. Дар ин бора “РИА Новости” хабар дод.

Бино ба гузориши манбаъ, сохтори зидди террористии СҲШ изҳор доштааст, ки дар сурати дархости расмии ниҳодҳои марбутаи Қазоқичтон Чин омодааст нерӯи низомӣ ба ин кишвар ирсол намояд.

Аз ин пеш Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо дархости раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба баҳонаи саркӯби “террористон” ва ба эътидол даровардани вазъияти пешомада ба ин кишвар ҳудуди 4 ҳазор нерӯи низомӣ фиристод.

Раисҷумҳури Қазоқистон дар рӯзи аввали тазоҳурот аз кишварҳои узви СААД даъват кард, ки барои мубориза бар зидди “террористон” аз Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон нерӯи низоми бифристанд, аммо бо гузашти 10 рӯз мақомоти Қазоқистон ва нерӯҳои СААД ҳеҷ террористи хориҷиеро боздошт накардаанд ва ин боис гашт, ки Тоқаев барои худсафедкунӣ дар нишасти он-лайнии сарони СААД 10 январ гуфт, ки ҷинояткорон ба сардхонаҳо ҳамла карда ва ҷасадҳои террористонро бо худ бурдаанд.

Никол пашинян, ки худ бо тазоҳуроти мардумӣ ва ҳимояти мардум дар Арманистон ба қудрат расид, мегӯяд тазоҳорут барзидди ҳукумат пайомадҳои хубе надорад ва мухолифи тазоҳуроти мардумист.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Ҳамкории Шонҳой як паймони амниятии низомии минтақавӣ аст, ки то имрӯз таҷрибаи ҳузури низомӣ дар кишварҳои узвро надорад. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) низ як созмони мувозӣ бо СҲШ мебошад, ки дар 30 соли фаолияташ бори аввал бо дархости Тоқаев ба баҳонаи саркӯби “террористон” ба Қазоқистон нерӯи низомӣ фиристод, ки ин боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои узви СААД гашт.

Дар пайи нооромиҳои ахир дар Қазоқистон 9900 нафар боздошт ва 164 нафар ҷонашонро аз даст додаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.