36.9 C
Dushanbe

Ҳушдори Толибон ба Тоҷикистону Узбекистон: Сабри моро имтиҳон накунед!

Вазири дифои Толибон аз Тоҷикистон ва Узбекистон хост, ки чархболҳои Афғонистонро баргардонанд ва сабри онҳоро имтиҳон накунанд.

Муло Муҳаммад Яқуб, сарпарасти Вазорати дифои Толибон дар маросими эҳёи фаъолияти чархболҳои нерӯи ҳавои Афғонистон суханронӣ намуда, бори дигар аз Тоҷикистон ва Узбекистон хост, ки чархболҳои Афғонистонро бозгардонанд ва сабри онҳоро имтиҳон накунанд.

“Мо эҳтиромона дархост мекунем, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомиеро, ки халабонон бо онҳо фарор карданд,бозгардонанд. Сабри моро имтиҳон накнуед, сабри мо дар ҳоли лабрез шудан аст”, – мегӯяд сарпарасти Вазорати дифои Толибон.

Ӯ ҳамчунин дар идома афзуд, ки “дуруст аст, ки мо ҳоло заифем, ҳукумат дар ҳоли нав таъсисёбист ва то андозае номустақилем, аммо беғайрат нестем”.

Ин бори дуюм аст, ки Толибон бо сароҳат аз Узбекистону Тоҷикистон талаб доранд, ки чархболҳои низомии ин кишварро баргардонанд. Вале ин дафъа зоҳиран дархосташон ҷиддӣ аст. Аммо то ҳол мақомоти ин ду ҳамсоякишври Афғонистон посухи расмие надодаанд ва қазияи чархболҳоро ошкор накардаанд.

Гуфта мешавад, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон даҳҳо нерӯҳои низомӣ ва халабонҳое, ки дар сафи нерӯҳои амрикоӣ кор мекарданд, бо чархболҳо ба Тоҷикистону Узбекистон фирор карданд. Ва чанде пеш шуморе аз халабонҳои афғоне, ки дар Тоҷикистон дар урдугоҳи махсус нигаҳдорӣ мешуданд ва аз вазъи худ шикоят карда буданд, ба Аморати Муттаҳидаи Арабӣ интиқол ёфтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.