2.9 C
Dushanbe

Вокуниши Агентӣ ба гарон шудани билетҳои ҳавопаймо

Агентии авиатсияи шаҳрвнадии Тоҷикистон ба гароншавии нархи билетҳои ҳавопаймо байни Тоҷикистон ва Русия вокуниш кард.

Акс аз Интернет

Бино ба гузориши “Sputnik Тоҷикистон”, ин ниҳоди давлатӣ, ки назорати бозори билетфурӯшии кишварро дар даст дорад, дар гарон шудани нархи билетҳо ширкатҳои ҳавопаймоиро айбдор намуда, гуфтааст, ки онҳо бар хилофи муқаррароти Агентӣ амал мекунанд ва нархро аз пеши худашон гарон кардаанд.

“Агентӣ аз оғоз чунин сиёсатро пеш гирифта ва сари он таъкид мекарду мекунад. Боло бурдани нархи билетҳо аз сӯи ширкатҳо комилан беасос ва холӣ аз инсоф аст”, – гуфтааст манбаъ.

Пештар Агентӣ пешниҳод карда буд, ки нархи билетҳоро аз $500 зиёд набошад, аммо бо вуҷуди ин билетҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия бамаротиб гаронтар фурӯхта мешуд.

Гароншавии ахири билетҳои ҳавопаймо дар ҳолест, ки то як моҳи пеш нархи билетҳо аз Душанбе то Маскав 2400-2500 сомонӣ арзиш дошт, аммо якбора он 50% гарон шуд ва ҳоло як билет то 5000 сомонӣ ва аз он ҳам гаронтар фурӯхта мешавад.

Шаҳрвандон аз он шикоят доранд, ки дар кишвар ҷои кор нест ва маҷбуранд барои таъмини зиндагӣ ба Русия сафар кунанд, аммо бо ин гаронӣ низ барояшон рафтан душвортар мегардад.

Дар гузашта низ ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархҳоро аз нархи эълонкардаи Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ ба маротиб гаронтар мефурӯхтанд, то ҷое, ки як билет аз Душанбе то Маскав ба 10 ҳазор сомонӣ баробар шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро мардум “Шоҳнома” намехонанд? Тасмими нави “Тоҷикфилм” дар бораи “Шоҳнома”

Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" тасмим гирифта, ки филми синамоие бар пояи асари "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ ба навор гирад.

Ҷанозаи Қобилҷон дар Шаҳринав

Қобилҷон Алиеви 10-cоларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар Русия бераҳмона кушта шуд, имрӯз дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.

Чаро расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар ҳодисаи куштори Қобилҷон сукут ихтиёр карданд?

Ҳодисаи куштори навраси тоҷик Қобилҷони Алиеви 10-сола вокунишҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба вуҷуд овардааст.

Вокунишҳо ба қатли бераҳмонаи навраси тоҷик дар Русия

Мақомоти Тоҷикистон ва мухолифонаш ба ҳамлаи террористии як рус ба мактабе, ки бо қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик анҷомид, вокуниш карданд.