Барои гирифтани $2500 афв, барои напардохтани 250 сомонӣ зиндонӣ

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд ва дарҳол афв шудани ӯ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Эгамов Даврон Абдуҳабибович дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии ДМТ кор карда, ба порагирӣ даст задааст.

Гуфта мешавад, Эгамов барои дохилшавии як шаҳрванди Тоҷикистон ба шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ аз ӯ 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани он аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир мешавад.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки дар аввал нисбати Даврон Эгамов бо моддаи 247 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд ва баъдан дар робита ба татбиқи қонун “Дар бораи авф” парвандаи ҷиноӣ нисбати ин корманди ДМТ қатъ гардид.

Мавриди авф қарор гирифтани корманди ДМТ, ки бо маблғи 2,5 ҳазор доллар дастгир шудааст, суолҳоеро дар зеҳни ҷоме халқ карда, ки чаро як нафар бо гирифтани пора ба миқдор зиёд афв карда мешавад, аммо Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, барои напардохтани 250 сомонӣ мавриди афв қарор нагирифт ва барои 9 сол равонаи зиндон шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.