Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамлаҳои хисоратбори худро ба пойтахти Яман ва атрофи он афзоиш додаанд.
Бино ба иттилои Алҷазираи Қатар субҳи имрӯз ҷангандаҳои аморотӣ, ки зери чатри Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ амал мекунад, чанд нуқтаеро дар Санъо, пойтахти Яман ва бандари Алҳадида мавриди ҳамла қарор додаанд.
Мақомоти Яман ба гуфтаи хабаргузории “Форс” то кунун дар бораи талофоти ҷонӣ бар асари ин ҳамлаҳо гузорише надодаанд, аммо дар аксу наворҳои нашр шуда дида мешавад, ки тахриби бино ва хисороти молӣ ва моддӣ ҳам дар пай доштаанд.
Аз сӯи дигар ба қавли шабакаи “Аларабия“ ҷангандаҳо “дар бандари Алҳадида як махзани аслиҳаро, ки зери пӯшиши фаъолиятҳои тиҷоратӣ амал мекард ва аз он ҷо ба дигар манотиқи даргир интиқол мешуданд”, мавриди ҳадаф қарор дода, онҳоро аз байн бурдааст.
Коршиносон ва раҳбарони Ҳусиҳо дар Яман борҳо хитоб ба Амороти Муттаҳидаи Араб гуфтаанд, ки касоне, ки дар хонаҳои шишагӣ – ишора ба бурҷҳои он кишвар, зиндагӣ мекунанд, ба дигарон санг намеандозанд.
Пеш аз ин Яҳё Сареъ, сухангӯи низомии Ансоруллоҳи Яман ҳам пас аз ҳамлаҳои 17-уми январ таҳдид карда буд, ки ин як ҳушдор ва оғози кор аст ва агар Аморот ба ҳамлаҳояш идома диҳанд, зарбаҳои сангинтаре ба он зада хоҳад шуд.
Ҳамлаҳои ахири Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ба Яман пас аз 17-уми январи соли ҷорӣ шиддат гирифт. Он ҳам замоне, ки пас аз ҳушдорҳо, таҳдидҳо ва ҳамла кардани нерӯҳои Ансоруллоҳ ба фурӯдгоҳҳои байналмилалии Дубай ва Абузабӣ дар чанд нуктаи ҳассоси дигар, ки тибқи иттилооти расмӣ 3 кушта ва 6 захмӣ ҳам дар пай дошатанд.
Шиддати таъсири ҳамлаҳои Ансоруллоҳи Яман ба Амороти Муттаҳидаи Араб натанҳо падофандҳои зиддиҳовои он кишварро зери суол бурд, балки ҳампаймонони онро ба навъе дар ҳолати ногувор қарор додааст. Мақомоти Амрико ҳам эълон кардаанд, ки бо гузашти беш аз 48 соат то кунун маълум накардаанд, ки аз чӣ силлоҳҳое Ҳусиҳо дар ин ҳамлаҳои худ истифода кардаанд.
Ҳамзамон Ҷо Бойдан президенти Амрико эълон карда, ки бо дархости Амороти Муттаҳидаи Араб парвандаи Ансоруллоҳи Яманро ба хотири ворид кардани исми он ба феҳристи созмонҳои террористӣ дубора мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ аз марти соли 2015 бо дархости Абдулмансур Раббиҳи Ҳодӣ, президенти фирории Яман аз Санъо ба Риёз, пойтахти Саудӣ шакл гирифтааст ва ба хотири наҷот ва дубора Ҳодиро ба сари қудрат овардан 7 сол боз бо ҷамоати Ансоруллоҳи мансуб ба Ҳусиҳои Яман, қи қудратро дар даст дорад, меҷанганд ва ҳосили он ба гуфати ББС беш аз 100 ҳазор кушта, садҳо ҳазор маҷрӯҳ ва миллионҳо каси дигар фирорӣ шудан будааст.