Тоқаев: Дигар ба Қазоқистон муҳоҷирони кории хориҷӣ наоянд!

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аз ҷалби зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар интиқод кард. Ӯ рӯзи 21-уми январ дар мулоқот бо соҳибкрон гуфт, “нерӯи корӣ дар дохили кишвар зиёд аст, дигар ҷалби муҳоҷирони корӣ аз хориҷро мутаваққиф кунед.”

Бино ба гузориши “КазТАГ“, Тоқаев дар шаҳри Нур-Султон зимни мулоқот бо соҳибкорон пешниҳоди онҳо дар бораи вусъат додани барномаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи Қазоқистонро нодуруст донист.

“Бахусус мехостам ба ин масъала ишора намоям, ки вақте соҳибкорони инфиродӣ идеяи бештар кардани квотаҳо барои ҷалби коргарони хориҷиро пешбарӣ мекунанд, ман инро нодуруст меҳисобам. Аммо барои ҷалби он мутахассисоне, ки шумораашон андак аст ва дар дохил чунин мутахассис надорему ба ҷалби онҳо воқеан ниёз дорем, вусъат бахшидани квота барои чунинҳо мумкин аст.”, – гуфт Президенти Қазоқистон.

Тоқаве ҳамчунин аз он интиқод кард, ки соҳибкорон ба далели ин ки шаҳрвандони Қазоқистон барои кор маоши зиёд талаб мекунанд ва ё ба таври бояду шояд кор намекунанд, аммо шаҳрвандони хориҷӣ бо маоши андак корро хуб анҷом медиҳанд, аз хориҷ коргар меҷӯянд. Бояд онҳо ба ин кор хотима бахшанд. Вай гуфт: “Дар кишвар шумораи кофии шаҳрвандони коркунанда, бахусус ҷавонон вуҷуд доранд.”

Интиқоди Тоқаве аз вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвараш дар ҳолест, ки солона аз кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даҳҳо ҳазор муҳоҷир барои кор мераванд. Ба хусус барои муҳоҷирони тоҷик баъд аз Русия дюмин кишвар маҳсуб мешавад, ки барои дарёфти маоши рӯзгор ба онҷо сафар мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.

Дастури нави Вазорати маориф барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сохторҳои зертобеи худ дастур дода, ки омӯзгорон ба корҳои берун аз фаъолияти таълиму тарбия ҷалб карда нашаванд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти раҳбарони Толибонро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) ҳукми боздошти чаҳор мақоми баландпояи Толибонро содир кард.

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд