18.9 C
Dushanbe

Роҳбари Интерпол дар шиканҷа муттаҳам мешавад

Тибқи хабари шабакаи телевизионии “ABC News” роҳбари нави Интерпол генерал Аҳмад Носир ар-Раисӣ ба шиканҷа ва бадрафторӣ бо маҳбусон дар Амороти Муттаҳидаи Араб муттаҳам мешавад.

Бино ба хабарҳо, ӯро Додситонии миллии зиддитеррористии Фаронса (PNAT) ба додгоҳ кашидан мехоҳад. Яке аз ҷабрдидагони Аҳмад Мансур аз тариқи Маркази ҳуқуқи башари Халиҷи Форс, як созмони ғайридавлатӣ алайҳи ар-Раисӣ ба додгоҳ шикоят бурд.

Бино ба гузоришҳо, раиси Интерпол дар Лиони Фаронса (дар он ҷо қароргоҳи Интерпол ҷойгир аст) қарор дорад, ки барои оғози мурофиа дар Фаронса кофист. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳукумати Фаронса бояд фавран тафтишотро оғоз кунад.

Ба гузориши телевизиони ABC News, Маркази ҳуқуқи башари Халиҷи Форс қаблан алайҳи ар-Раисӣ шикоят бурда буд, аммо шикоят рад карда шуд, чун  он вақт ар-Раисӣ дар қаламрави Фаронса иқомат надошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии "Ал-Наср" бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.

Амрико оташбас бо Эронро боз тамдид кард

Шоми рӯзи 21-уми апрел раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп оташбас бо Эронро тамдид кард, вале муҳлати онро муайян накард.

Amnesty International аз марги маҳбусон, шиканҷа ва саркӯб дар Тоҷикистон гуфт

Созмони ҳуқуқии Афви байнулмилал ё Amnesty International вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигаронкунанда номидааст.