Кумаки $2 миллионии Русия барои таъмини ғизои талабаҳо дар Тоҷикистон

Русия ҳамчун кумаки башардӯстона дар чорчӯби Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ барои таъмини ғизои донишомӯзони мактабҳои Тоҷикистон ду миллион доллар ҷудо кардааст.

Акс аз Алексей Куденко “РИА Новости”

Гуфта мешавад, ин кумакҳо танҳо барои дастгирии барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд. Дар ин бора Адҳам Мусаллам, мудири Созмони ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо “РИА Новости” хабар дод.

Ба гуфтаи ин намояндаи СҶҒ ин маблағ барои харидани 3650 тонна маводи ғизоӣ сарф мешавад. Ин миқдор маводи ғизоӣ ҳудуди ду ҳазор мактаби Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард, ки дар онҳо 450 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.

Аз соли 2013 Русия барои иҷрои барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон дар чорчӯби Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ 82,1 миллион доллар кумак кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.