7.9 C
Dushanbe

Рақобати Саймумин Ятимов бо Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон гапи Саймумин Ятимовро дар хусуси иштирок кардан дар Бозиҳои замистони олимпӣ ба замин гузошт ва акнун ба назар мерасад бозии ҷадиде дар долонҳои ҳукумат байни президент ва зердастонаш оғоз шудааст.

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) 12 рӯз пеш аз ҷойгоҳи Вазири корҳои хориҷӣ, Раиси Ҳукумат ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эълон карда буд: “Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад.”

12-уми январи соли ҷорӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар” дар истинод ба Маркази матбуоти КДАМ вазъи минтақаро ноустувор хонда иттилоъ дод буд: “таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст.

Он замон Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ аз ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон дар хусуси иштироки варзишкорони Тоҷикистон дар Бозиҳои замистонаи олимпӣ дар Пекин эълон кард буд: “Аз ҷониби дигар, дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо дар Олимпиада ширкат мекунанд.”

Аммо имрӯз, 24-уми январи соли 2022 Хабаргузории “Азия Плюс” дар истинод ба манбаи худ дар Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон хабар дод, “Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Пекин, ки 4 феврал оғоз мегардад, иштирок намекунанд.

Кумитаи миллии Олимпӣ сабаби иштирок накардани намояндаҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои замистонаи олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалиро ҳамагир шудани коронавирус дар дунё гуфта ва ба қавли “Азия Плюс” дар “хадамоти матбуоти кумита изҳор намуданд, ки ҳеҷ кадоме аз варзишгарони тоҷик натавонист, ки иҷозатномаи иштирокро ба даст орад.

Акнун маълум мешавад, ки вақте Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи Президенти Кумитаи миллии олимӣ гап зада буд, маълумоти кофӣ дар даст надошт ва ё ин, ки он изҳороти раиси КДАМ хашми Эмомалӣ Раҳмонро ба вуҷуд овард ва ҳамчун Презинденти Кумитаи миллии олипӣ дастур дод, ки ҳеч кас дар Бозиҳои замистонаи олимпӣ ширкат накунад.

Ёдовар мешавад, ки пас аз ҳодисаҳои ахири Хоруғ ва ба дунболи он халалдор шудани суботу оромии мардум дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки пушти ҳамаи онҳо раиси КДАМ Саймумин Ятимов қарор дорад ва бо гузашти 2 моҳ мақомот натавонистаанд, ки ба натиҷаи дилхоҳи худ бирасанд, Эмомалӣ Раҳмонро сахт нороҳат кардааст.

Ба дунболи ҳодисаҳои Бадахшони Тоҷикистон оғози нооромиҳои Қазоқистон ва чаппа кардани ҳайкали собиқ президенти он кишвар ва “пешвои миллат”-и қазоқҳо ва сипас маҳрум кардани вай аз тамоми мақомҳо ва имтиёзҳояш низ сахт Эмомалӣ Раҳмонро зери таъсир қарор додааст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пешвоияшро аз Нурсултон Назарбоев нусхабардорӣ карда буд ва ҳар ду бо чашмони худ диданд, ки дар ин амр сахт иштибоҳ кардаанд.

Инчунин аз замони баргузории референдум дар соли 2016 инҷониб Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад қудратро ба яке аз фарзандонаш Рустам ва ё Озода таҳвил диҳад, аммо аз як сӯ авзои минтақа ва аз сӯи дигар вуҷуди афроде чун Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Юсуфи Раҳмон ва ғайра дар раъси ниҳодҳои қудратӣ ба вай дар анҷоми ин ҳадафи худ халал мерасонанд ва бо гузашти беш аз панҷ сол наметавонад коре кунад.

Аммо ин дафъа ҳам вақте Раиси КДАМ фаротар аз мақом ва салоҳиятҳояшро по гузошта гуфт, ки Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад” Ва афзуд, ки “Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Пекин, ки 4 феврал оғоз мегардад, иштирок мекунанд.Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз ин изҳорот нороҳат, балки ба назар мерасад эҳсоси хатар ҳам кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар муддати наздик ба се даҳаи раҳбариаш дар Тоҷикистон ҳамеша ба рақибон ва қудратталабон дар миёни атрофиёнаш ба бераҳмии комил муносибат карда, то тавонистааст онҳоро аз худ ва ҳукуматаш дур андохтааст.  

Гуфта мешавд, Бозиҳои миллии олимпӣ дар Пекин 4 то 20-уми феврали соли 2022 баргузор гардида, варзишкорони дунё дар 109 мусобиқа барои дарёфти 109 медали тиллои олимпӣ ва дигар медалу мақомҳо байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Аммо ин бозии хатарнок байни Раиси КДАМ ва Президенти Кумитаи миллии Олимпӣ ва ҳамзамон Президенти Тоҷикистон бар суду зиёни шахси аввал ва ё нафри дуюм анҷом мешавад, вақт довар аст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.