Дидори пинҳонии Толибон бо Ҷабҳаи муқовимат дар Маскав

Ҳамзамон бо оғози “Гуфтугуҳои афғонӣ дар Осло” бо ҳузури Толибон ва кишварҳои Ғарб сарпарасти вазорати дифоъи Толибон барои мулоқот бо раҳбарони Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон ба Русия рафтааст.

Пойгоҳи иттилоърасонии “Афғон-Интернешнал” бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳад, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Амрулло Солеҳ, муъовини раисҷумҳури пешини Афғонистон барои гуфтугӯ бо мақомҳои аршади Толибон ба дидори мулло Бардар, муъовини Раисулвузаро ва мулло Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифоъи Толибон ба Русия сафар кардаанд.

Раҳматуллоҳ Набил, собиқ раиси Амнияти миллми Афғонистон дар Твитер гуфт, мулло Бародар ва мулло Яқуб махфиёна ба Русия сафар кардаанд.

Ҳамзамон чанд манбаъи наздик ба Аҳмади Масъуд сафари раҳбари Ҷабҳаи муқовимат ба Русияро таъйид карданд, вале дар бораи ҷузъиёти ин дидор ҳанӯз ҳеҷ яке аз тарфҳо изҳори назар накардааст.

Ҳафтаи пеш ҳайате аз Ҷабҳаи муқовимат бо сарпарасти Вазорати умури хориҷии Толибон Амрихони Муттақӣ дар Теҳрон дидор доштанд ва огоҳони умур мегӯянд, ин мулоқоти Маскав идомаи музокироти Теҳрон мебошад.

Ба қавли “Афғон-Интернешнал”, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Амрулло Солеҳ, муъовини раисҷумҳури пешини Афғонистон аз Тоҷикистон ба Русия парвоз кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...