38.9 C
Dushanbe

Боздошти бародарзодаи марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хатлон

Мақомоти шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон Нусратулло Саидов, яке аз пайвандони марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Наздикони боздоштшуда ба АЗДО ТВ гуфтанд, ки Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон асри рӯзи 24-уми январи соли 2022 соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ домулло Нусратулло Саидов ва дасти кам 4-5 нафари дигареро ҳам бо ӯ якҷо барои бозпурсӣ даъват карданд.

Ба қавли манбаъ, командони мақомоти корҳои дохилӣ пас аз бозпурсӣ ҳамроҳони домулло Нусратулло Саидовро рухсат карданд, вале бо гузашти наздик ба 48 соат ҳамон раиси хоҷагии деҳқонии “Истиқлол” дар деҳаи Нуриддини ҷамоати деҳоти Тоҷикобод (собиқ совхози Туркманистон)-и ноҳияи Вахшро озод накардаанд.

Ин бозхонду бозпурсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз домулло Нусратулло Саидов ва дигар наздикону пайвандони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта ҳам вуҷуд дошт ва ба ҳисоби миёна моҳона як ва ё ду маротиба “меҳмон”-и мақомот мешуданд ва ё ин, ки командони корҳои дохилӣ, амният ва ё прокуратура ба “зиёрат”-и онҳо меомаданд.

Аммо наздикон домулло мегӯянд, ин дафъа вақте ин афродро барои базпурсӣ даъват карданд, аз ҳамон оғоз лаҳни гуфтори кормандони корҳои дохилӣ нисбат ба гузашта фарқ мекард, лаҳни гуфтор тунду муносибаташон дағалтар будааст.

Пеш аз ин сомонаи марбут ба Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳам бо нашри як изҳорот яке аз сабабҳои ин боздоштро ба фаъолиятҳои ҳуқуқии писари Саид Абдуллоҳи Нурӣ рабт дода гуфта буд, ки “боздошти Нусратулло Саидов баъди ду ҳафтаи ба вазифаи муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ таъин шудани Муҳаммадҷон Нурӣ сурат гирифтааст.”

Домулло Нусратулло Саидов 48 сол дорад ва пас аз барканорӣ аз симмати имомхатибӣ дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Вахш ба корҳои деҳқонӣ машғул буд, хоҷагии деҳқонии “Истиқлол”-ро дар ин ноҳия раҳбарӣ мекунад ва аз ҳамон ҳисоб зиндагиашро пеш мебарад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.