21.9 C
Dushanbe

Мағозаҳо ба коми оташ рафтанд, аз сӯхторнишон хабаре нест

Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як мағозаи бузурги фурӯши қисмҳои автомобилӣ ба коми оташ фурӯ рафт. То ҳол хисороте, ки аз ин сӯхтор ба соҳиби мағоза расондааст, ҳисоб нашудааст.

Гуфта мешавад, оташ аввал дар худи мағоза сар зада, сипас ба биноҳои ҳамсоя паҳн шудааст. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки бо вуҷуди пурра оташ гирифтани мағоза, мошинҳои сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса наомадаанд.

Ҳоло маълум нест ин ҳодиса кай рух додааст чӣ қадар хисорот ворид кардааст ва талафоти ҷонӣ доштааст ё не. То ҳанӯз мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.