Комроншоҳ дар Португалия медали биринҷӣ ба даст овард

Комроншоҳи Устопириён, ягона паҳлавони тоҷик, ки дар мусобиқаи ҷудои Гран-при Португалия-2022 ширкат дошт, медали биринҷӣ ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён пас аз ду пирӯзӣ бар Достон Мейлиев (Узбекистон) ва Артем Бубир (Украина) дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Италия Кристиан Парлати шикаст хӯрд.

Дар мубориза барои ҷойи севум ва барои дарёфти медали биринҷӣ Комроншоҳ Устопириён паҳлавони гурҷӣ Имеди Гоголадзеро шикаст дод.

Мусобиқа рӯзҳои 28-30-юми  январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 301 варзишгар (179 мард ва 122 зан) аз 41 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Дар Гран-при Португалия-2022 бояд ду варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков ширкат мекарданд, аммо Сомон Маҳмадбеков ба сабаби гирифтор шудан ба бемории COVID-19 иштирок карда натавонист.

Ғолибони Гран-при Португалия-2022 ба ҷуз медалҳо, ҷоизаҳои пулӣ – 3 ҳазор евро барои ҷои аввал, 2 ҳазор евро барои ҷои дуюм ва 1 ҳазор евро барои ҷои севум гирифтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷанҷоли халабонҳо ҳангоми парвоз ва нишасти изтирорӣ дар Табук

Ҳавопаймои ширкати "Flydubai", ки аз Дубай ба самти Тел-Авив парвоз мекард, рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми парвоз дар шаҳри Табуки Арабистони Саудӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Афзоиши фишорҳо болои хонаводаи раиси нави НИТ

Мақомоти амниятии Тоҷикистон фишорро болои хонаводаи Исломҷон Саидов, раиси тозаинтихоби Наҳзати исломии Тоҷикистон бештар кардаанд.

Галустян бо вуҷуди мавҷи интиқодҳо ба Тоҷикистон омад

Бо вуҷуди эътирози фаъолон ва сокинон мақомоти кишвар ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустянро, ки солҳо миллати тоҷикро таҳқир мекард, ба Душанбе даъват карданд.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.