Хадамоти зиддиинҳисонрӣ: гароншавии билетҳо ба мо вобаста нест

Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, гарон шудани билетҳои ҳавопаймо аз кишвар ба шаҳрҳои Русия ба онҳо вобаста нест.

Акс аз: Абдулло Гурбати, Asia-Plus

Ба гузориши “Sputnik Тоҷикистон”, Абдулмаҷид Муминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ки нархи билетҳои ҳавопаймоиро худи ширкатҳо дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ муайян мекунанд.

Масъули Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфта, ки “онҳо тариқи як мактуб хароҷоти ширкатҳоро ҳисобу пешниҳод карданд ва боқимонда бояд Агентии авиатсияи гражданӣ кор барад, ки чаро нархҳо якбора боло рафтанд.”

Аммо пештар Агентии авиатсияи гражданӣ хабар дода буд, ки ба ширкатҳо дастур додаанд, нархи билетҳоро арзон кунанд ва билети рафту баргашт набояд аз 500 доллар гаронтар бошад.

Дар ҳамин ҳол мусофироне, ки имрӯзҳо мехоҳанд билет бихаранд ва ба шаҳрҳои Русия сафар кунанд, мегӯянд, билет аз пештара хеле гарон шудааст ва ширкатҳо як билетро то 7 ҳазор сомонӣ ва аз он ҳам гаронтар мефурӯшанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.