Газ арзон мешавад? Тоҷикистон мехоҳад имсол гази моеъро бемаҳдуд ворид кунад

Тоҷикистон мехоҳад аз Туркманистон гази моеъи бештар харидорӣ намояд. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон хабар дод.

Ба гуфтаи вазири энергетика Тоҷикистон қасд дорад феҳристи таъминкунандагони гази моеъро тавсеа дода, аз Туркманистон гази моеъи бештар ворид намояд.

Далер Ҷумъа мегӯяд, айни ҳол таъминкунандагони аслии ин маводи сӯхт ба Тоҷикистон Русия ва Қазоқистон ҳастанд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон” ба нақл аз вазири энергетикаи кишвар, ахиран миёни Тоҷикистону Туркманистон дар мавриди ворид намудани миқдори номаҳдуди ин маводи сӯхт ба Душанбе тавофуқ ҳосил шудааст.

Бар асоси ин гузориш, дар соли 2021 Туркманистон ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна гази моеъ содир кардааст. Дар маҷмӯъ Тоҷикистон дар соли гузашта 410 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид карда, аз ин миқдор 360 тоннааш аз Қазоқистон ва боқимонда аз Русия ворид шудааст.

Дар Тоҷикистон аксари мошинҳои мусофиркаш ва дигар мошинҳо асосан аз гази моеъ истифода мекунанд. Шуруъ аз баҳори соли гузашта яку якбора нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз 3-3,5 сомонӣ гарон шуда ва ҳоло дар дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар кишвар аз 7,2 то 7,6 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ишқобод сафар дошт ва дар ҷараёни мулоқотҳо раисиҷумҳурони ду кишвар 19 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи транзити коло ва мусофиркашонӣ, инчунин ҳамлу нақли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро ба имзо расонида буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.