23.9 C
Dushanbe

Бозпурсии қариб сесоатаи Идимоҳ Маҳмадҷонова дар Душанбе

Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Идимоҳ Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷоноваро фиреб дода, аз шаҳри Ваҳдат ба бинои марказии Вазорати корҳои дохилӣ барои бозпурсӣ бурданд.

Акс аз навори Раидиои ОЗОДӢ

Шерзод Маҳмадҷонов, блогери тоҷики муқими Олмон дар суҳбат ба АЗДО ТВ гуфт, ки субҳи 9-уми феврали соли 2022 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хонаи бибиаш Идимоҳ Маҳмадҷонова рафта, фиреб дода, гуфтанд, ки ба назди духтараш Шоҳида Маҳмадҷонова мебаранд, аммо дар роҳ ӯро мустақим ба бинои марказии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бурданд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомот Идимоҳ Маҳмадҷоноваро дар бинои марказии Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз дуюним соат мавриди бозпурсӣ қарор дода, дар ниҳоят вақте мебинанд, ки фишори ӯ баланд, асабҳояш хаста ва мадори гапзаниаш тағйир кардааст, бозпурсиашонро қатъ мекунанд.

Пеш аз оғози бозпурсӣ вақте хонум Идимоҳ Маҳмадҷонова мебинад, ки ӯро на ба назди духтараш, балки ба бинои асосии Вазорати корҳои дохилӣ бурдаанд, аз мақомот пурсидааст, ки “шумо чаро дурӯғ гуфтед, ки маро ба назди духтарам мебаред? Шоҳида дар куҷост?”

Наздикони Идимоҳ Маҳмадҷонова мегӯянд, ки мақомот то ҳол дар бораи дар куҷо будани Шоҳида Маҳмадҷонова иттилои дақиқе ироа накарданд, танҳо ҳаминро гуфтаанд, ки бону Шоҳида Маҳмадҷонова дар боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Номи хонум Идимоҳ Маҳмадҷонова замоне расонаӣ шуд, ки 3-юми феврали соли ҷорӣ духтараш Шоҳида Маҳмадҷоноваи 43-сола, ки бо даъвати кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат барои бозпас гирифтани телефони ҳамроҳаш даъват шуда, аз ҳамон ҷо бедарак гардида буд.

Гуфта мешавад, шоми 8-уми феврали 2022 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ карда, хабар дода буд, ки нисбати ӯ “тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.”

Шоҳида Маҳмадҷоноваи 43-сола пас аз 18 соли фаъолият ҳамчун табиб дар шаҳри Ваҳдат 3-юми январи соли 2020 зери фишори мақомот аризаи “бо хоҳиши худ” аз кор рафтанашро имзо карда буд. Вай модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз ҳамон ҷо бедарак гардид ва пас аз гузашти 6 рӯз замоне Ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо қарор гирифт, Вазорати корҳои дохилӣ маҷбур шуд, ки боздошти ӯро эътироф кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.